Хуҷанд: Баррасии масъалаҳои муҳим

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум баргузор гардид. Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода иҷлосияро ифтитоҳ намуд. Нахуст оид ба ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муовини аввали Раиси шаҳр Хайрулло Ғайбуллозода маърўза намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар қонуни таҷдидшуда як қатор меъёрҳои наве пешниҳод гардидаанд, ки онҳо барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона карда шудаанд.

Оид ба рафти иҷрои Қонуни мазкур дар шаҳр дар давоми нўҳ моҳи соли 2017 мувофиқи маълумоти оморӣ 2180 адад маърака ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора, 1097 адад тўи домодию арўсӣ, 859 адад маъракаи хатнасур, 149 адад маъракаи чил ва 75 адад маросими сол гузаронида шудааст.

Сипас, вакилони шаҳр Мадина Набизода, Мўҳсин Исобоев ва Алиҷон Одинаев андешаи хешро ҷиҳати амалишавии воқеии қонуни мазкур иброз намуданд.

Аз рўйи масъалаи дуюми иҷлосия дар бораи рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар шаҳри Хуҷанд комиссари ҳарбии шаҳр Абдушоҳид Ниёззода иттилоъ дод. Аз рўи масъалаи баррасишаванда вакилон Музаффар Атахонов, Матлуба Муинова ва Фазлиддин Шарифов андешаҳои хешро баён доштанд.

Муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода таъкид кард, ки пеш аз ҳама вакилони шаҳр ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” фаъолнокӣ зоҳир намуда, бояд тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh