Моли фурўхташуда баргардонида мешавад!

Семинар-машварати Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ, масъулини Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ, шахсони масъули шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба фаъолияти Марказҳои машваратӣ ва қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон баргузор гардид.

Сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Носир Акмалзода мавзўи семинар-машваратро «Фаъолияти Марказҳои машваратӣ ва қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ» унвон кард.

Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода мақсади фаъолияти Марказҳои машваратӣ ва қабулгоҳҳои ҷамъиятиро шарҳ дод. Сармутахассиси Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Қурбонов дар бораи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон чунин иброз дошт:

- Дар аксари бозор ва марказҳои савдои манотиқи кишвар навиштаҷоте бо унвони «Моли фурўхташуда баргардонида намешавад» овезон аст. Ин аслан нодуруст буда, бояд ба «Моли фурўхташуда баргардонида мешавад» иваз гардад. Масъулини марказҳои машваратиро мебояд, ки моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон»-ро ба мардум саривақт фаҳмонанд ва ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар семинар-машварат ҳамчунин Музаффар Қурбонов - сардори Хадамоти зиддиинҳисории шаҳри Душанбе ва муовини сардухтури давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Маҷнун Орифов фикру андешаҳояшонро перомуни мавзўи семинар баён доштанд.

Шоира САЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh