Пули мошингузар ифтитоҳ ёфт

Дер боз сокинони деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ интизори бунёди пули замонавӣ буданд, зеро пуле, ки дар даврони Иттиҳоди Шўравӣ сохта шуда буд, фарсудаву дар ҳолати корношоям қарор дошт. Мардум хавфу хатарро эҳсос мекарданд, ки рӯзе кўпрук аз истифода баромада, ба садама дучор мешавад. Дархости мардуми ҷамоатро раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода ба инобат гирифта, барои бунёди пули замонавӣ ба шахсони масъул супориши мушаххас дод.

Хушбахтона бо маблағгузории Муассисаи давлатии сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони пули болои дарёи мавзеи Махшевади Ҷамоати деҳоти Фондарё аз ҷониби ҶДММ «Роҳи Ватан», ки роҳбариашро Шербутта Садриқулзода ба уҳда дорад, сохта, ба истифода дода шуд.

Дарозии он 22 метр, бараш 4,5 метр ва иқтидори борбардориаш 30 тонна аст.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh