Табрики Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба Рўзи соҳибкорон

Соҳибкорони гиромӣ!

Таҷлили Рўзи соҳибкорон дар вилоят дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастовардҳои назарраси меҳнатии аҳли ҷомеа, бахусус соҳибкорон, ки ба сўи ояндаи нек қадамҳои боэътимод мегузоранд, қайд карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди устувори соҳибкориро ҳамчун кафолати боэътимоди иқтисодиёт ва паст гардидани шиддати таъсири буҳрони молиявӣ шуморида, мақом ва рисолати соҳибкоронро дар ҳаёти давлату ҷамъият пайваста таъкид ва онҳоро ба густариши созандагию бунёдкорӣ даъват менамоянд.

Боиси таъкид аст, ки бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноатӣ, биноҳои истиқоматӣ, мактабу кўдакистонҳо, муассисаи нигоҳдории тандурустӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншоотҳои муҳим, аз ҷумла соли равон 32 адад корхонаҳои нав ба фаъолият шуруъ намуданд.

Дар ин раванд «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2014, №740 тасдиқ шудааст, дар вилоят муттасил амалӣ гардида, дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат хоҳад кард.

Роҳбарияти вилоят бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳар иқдоми нек ва ташаббуси созандагии сохибкорону сармоягузоронро ҳамеша дастгирӣ карда, барои амалишавии мақсаду мароми онҳо шароити заруриро муҳайё менамояд.

Итминони комил дорам, ки бо азму талоши соҳибкорони ватандўсту меҳанпараст истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ сол аз сол афзун гардида, боиси боз ҳам таҳким ёфтани имкониятҳои иқтисодии давлати соҳибистиқлоламон ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мегардад.

Ҳамаи соҳибкорони вилоятро бо иди касбиашон табрик намуда, барояшон сарбаландӣ, хонаободӣ ва дастовардҳои навини меҳнатӣ таманно менамоям.

Add comment


Security code
Refresh