Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Абдуллозода Назира Ғаффорӣ, роҳбарияти шаҳр, сарварони сохторҳо ва ташкилоту муассисаҳо, раисони кумитаҳои маҳаллӣ ва фаъолон ҷаласаи ҷамъбастӣ баргузор гардид. Дар он натиҷаи фаъолияти хоҷагии халқ дар тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷаласаро раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ оғоз бахшид.

Муовини аввали раиси шаҳр Юнусзода Фирдавс Ёдгорӣ баромад намуда, қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои қарору фармоишоти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва барномаҳои гуногуни давлатӣ равона намуда, давраи ҳисоботиро бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст намуд.  

Зикр гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ –97 млн. 266 ҳазор сомонӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ – 253 млн.  632 ҳазор сомонӣ, сармоягузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо –25 млн. 829 ҳазор сомонӣ, ҳаҷми гардиши савдои чакана – 266 млн. 967,8 ҳазор сомонӣ, хизматрасонии пулакӣ – 147 млн. 656,2 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шуданд. Аз 10 намуди андоз иҷроиши нақшаи 7 намуди он таъмин гардида, нақшаи 3 намуди андозҳо иҷро нагардиданд.

Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ба роҳбарони як қатор ташкилот, ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани истеҳсолот супоришҳои қатъӣ дод. Аз норасоиҳо дар фаъолияти баъзе соҳаҳо изҳори нигаронӣ карда, алалхусус, афзудани теъдоди вайроншавии оилаҳоро аз бетарафии атрофиён, суст будани робитаи роҳбарон ва фаъолони кумитаҳои маҳаллӣ бо бошандагони маҳал арзёбӣ намуд. Дар рафти маҷлис инчунин, вазъи соҳаи саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рафти иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таҳлил шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа муовини Раиси вилояти Суғд Абдуллозода Назира Ғаффорӣ оид ба дастовардҳо ва камбудиҳо дар соҳаҳои хоҷагии халқи сухан кард.

Парвина АБДУЛЛОЕВА,
шаҳри Конибодом

Add comment


Security code
Refresh