Баргузории намоиши “Молҳои истеҳсоли Тоҷикистон” дар Ўзбекистон

Муносибатҳои дипломатӣ ва равобити дўстии тоҷикону ўзбекҳо дар солҳои охир хеле густариш ёфта, метавон натиҷа гирифт, ки доду гирифт ва ҳамкории ҷонибҳо дар марҳалаи сифатан нав ва умедворкунанда қарор дорад.

Далели гуфтаи боло баргузор шудани Рўзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ўзбекистон боз як қадами ҷиддӣ ба самти дўстиву ҳамгироӣ буд, ки ба дунболи он дар «Маркази намоишгоҳи Ўзбекистон»-и шаҳри Тошканд намоиши маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Молҳои истеҳсоли Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар намоишгоҳи мазкур намояндагони беш аз 500 ширкату корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд ва намунаҳои маҳсулоти худро ба маърази кишвари ҳамсоя ба намоиш гузоштанд. Дар навбати худ мизбонон аз чунин ҳамоиши деринтизор, ки омоли ҳар яки эшон аст, ба хубӣ истиқбол намуда, аз ҷониби соҳибкорону ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Ўзбекистон як қатор пешниҳоду дархостҳои назаррас ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Аз ҷумла, дар рафти намоиши маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ўзбекистон минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Суғд» муаррифӣ гардида, соҳибкорони тоҷику ўзбек бо нақша ва дастовардҳои ҳамдигар ошноӣ пайдо намуданд ва ҷиҳати роҳандозии робитаҳои мустақиму бевоситаи истеҳсолӣ гуфтушунид анҷом доданд.

Соҳибкорони тоҷик ба мардуми меҳмоннавози Ўзбекистон намунаи маҳсулоти баландсифати ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгўи худро аз ҷумла, сементи навъи олӣ, профил, ноқил ва маҳсулоти алюминий, дару тиреза ва лўлаҳои қутрашон гуногуни пластикӣ, ҷавоҳирот, сангҳои ороишиву гаронбаҳо, маҳсулоти қаннодӣ-шоколаду ширинӣ, обҳои маъдании табиатан тоза, намаку хушкмева, маҳсулоти консерваи шириву гўштӣ, бофандагию ресандагӣ, чармӣ ва полиграфӣ, дастгоҳу таҷҳизоти тиҷоратӣ, лампаҳои диодӣ, қолину адрасу атласи миллӣ ва дигар имконоти хизматрасонии сайёҳиро муаррифӣ намуданд.

Ҳамзамон, аз вилояти Суғд ҳудуди 50 номгўи маҳсулот дар намоишгоҳ муаррифӣ гардида, дар маҷмуъ байни соҳибкорони тоҷику ўзбек зиёда аз 20 қарордоди доду гирифт ва инчунин оид ба истеҳсолоти муштараки молҳои бозоргир 6 қарордоди дигар ба имзо расид, ки аз ояндаи ҳамкории судманди ҷонибҳо дарак медиҳад.

Тибқи иттилои Палатаи савдою саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи мазкур байни Тоҷикистону Ўзбекистон беш аз 50 миллион доллари ИМА шартномаю қарордодҳои корӣ ба имзо расидаанд.

Аз ҳама муҳим дар рафти ҳамоиш байни палатаҳои савдою саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон Созишнома дар бораи таъсис додани Шўрои кории тиҷоратию иқтисодии «Тоҷикистон-Ўзбекистон» ба имзо расид, ки барои соҳибкорон ва доираҳои тиҷоратии ду ҷониб кўмаки ҳамаҷониба мерасонад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан намоиши маҳсулоти Ўзбекистон дар Тоҷикистон баргузор ва Маркази иқтисодии Ўзбекистон дар вилояти Суғд ифтитоҳ гардида буд, ки ҳамкории ду ҷумҳурии дўст ва бародари чандинасраро боз ҳам истеҳком мебахшад.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh