Омодагии хоҷагии халқи вилоят ба давраи зимистонгузаронӣ дар сатҳи хуб қарор дорад

Санаи 20 октябри соли равон дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат, сардори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ оид ба масъалаи зимистонгузаронӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода ифтитоҳ намуд. Сипас оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018»  дар вилояти Суғд муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода маълумот дод.

Ба иттилои номбурда, ҷиҳати иҷрои қарори мазкури Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи чорабиниҳо дар 35 банд таҳия гардидааст. Тибқи таҳлилҳои гуруҳи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки вазъро дар вилоят мавриди санҷиш қарор доданд, маълум шуд, ки омодагии хоҷагии халқи вилоят ба давраи зимистонгузаронӣ дар сатҳи хуб қарор дорад. То имрӯз муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ бо захираи маводи гармибахш аз қабили ангишту ҳезум таъмин гардида, нақшаи захираи сӯзишвории дизелӣ марҳила ба марҳила бо сабаби шароити нигаҳдории он таъмин карда мешавад. Масъалаи мазкур танҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов беҳбудиро тақозо мекунад. Дар ҷаласа инчунин намояндагони вазорату идораҳои масъули ҷумҳуриявӣ вобаста ба ҳолати омодагии вилоят ба зимистон мавриди пурсиш қарор дода шуданд.   Ба таври воқеӣ муаяйн намудани меъёри талаботи муассисаҳои таълимии соҳаи маориф ба ангишт, ҷамъоварии саривақтии ҳақи истифодаи нерӯи барқ ва таъмини равғанҳои трансформаторӣ,  дар ҳолати мусоиди корӣ нигоҳ доштани роҳу шоҳроҳҳо, захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхона ва дигар ҷойҳои нигаҳдорӣ, ба кор андохтани буғхонаҳо ва захираи хӯроки дурушт аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки барои иҷрои онҳо бояд тадбирҳои амалӣ андешида шаванд. Ҷиҳати дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе дар минтақаи Суғд 123 техника, 45 тонна ангишт, 25 ҳазор литр сӯзишворӣ ва маводи зиддилағзиш захира гардида, қисматҳои зарурии роҳҳо таъмир ва купрукҳо тоза карда шудаанд.

Аз рӯи масъалаи дуюми ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат аз он ки ҳаҷми маҳсулоти саноат дар вилоят ба наздик 7 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш дар нуҳ моҳ ба 132 фисад расонида шудааст, изҳори қаноатмандӣ кард ва онро нишондоди назаррас арзёбӣ намуд. Дар баробари ин, ҷиҳати ба сикли пурраи истеҳсолот ворид намудани корхонаҳо  ва коркарди ниҳоии ашёи хом ба масъулини соҳа ва роҳбарони корхонаҳо тавсияҳо дода шуд.

Дар ҷаласа ҳамзамон фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати хӯрокворӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh