Натиҷагирӣ аз нуҳмохи фаъолият дар Деваштич

Дар ноҳияи Деваштич ҷамъбасти нўҳмоҳаи соли 2017 бо иштироки намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хайрулло Бобозода, муовинони Раиси ноҳия, мудирони шўъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту корхона ва идораҳо, сарварони муассисаҳои таълимию тандурустӣ баргузор гардид.

Маҷлиси ҷамъбастиро Раиси ноҳия Рустам Ҷўразода ифтитоҳ намуд. Муовини Раиси ноҳия Ғиёсиддинзода Бунафша дар бораи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Деваштич дар нўҳмоҳи соли равон маърўза кард. Қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ таъмини иҷроиши нақшаи воридоти андозҳои маҳаллӣ дар нўҳмоҳи соли равон ба 100,1 фоиз ба иҷро расонида шуд. Маблағҳои батариқи субвенсия аз буҷети вилоятӣ ҷудошаванда 100 фоиз ворид гардид. Инчунин Раиси ноҳия Р.Ҷўразода доири нобаробарӣ дар пардохти андоз, тамъмири роҳҳо, даъвати тирамоҳии ҳарбӣ, сари вақт гузаронидани кишти тирамоҳӣ ва омодагӣ ба зимистон аз шахсони масъул пурсон шуд. Дар ҷаласаи ҷамъбастии ноҳия намояндаи Мақомоти иҷроияи вилоят аз дастовардҳо ҳарф зад, барои муҳассилин баҳри бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ибрози ақида карда барои ҳаллӣ мусбии онҳо маслиҳатҳои муфид дод.                                    

 Лоиқ Тўйчиев,
ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh