Натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи шаҳри Бӯстон

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷагирӣ аз нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар нуҳ моҳи соли 2017 баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким Карим  иштирок ва суханронӣ намуд.

Маҷлиси ҷамъбастиро Раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода оғоз намуд.

Муовини якуми Раиси шаҳр Маҳмудзода Қаюмҷон оид ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар нуҳ моҳи соли 2017 ҳисобот дод.

Қайд шуд, ки нақшаи қисми даромади умумии буҷети умумии шаҳр дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 140,7 фоиз ва ба маблағи 46 млн. 980,0 ҳазор сомонӣ иҷро карда шуда ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда ба маблағи 13 млн. 600,8 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 16 млн. 500,8 ҳазор сомонӣ ё 54,1 фоиз зиёд мебошад.

Сипас, аз ҷониби Раиси шаҳр Рухсора Давлатзода фаъолияти чанде аз корхонаҳои саноатию хизматрасонӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, бозорҳои ҳудуди шаҳри Бӯстон ва дигарон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, аз як қатор роҳбарони корхонаҳои саноатию хизматрасонии шаҳр ҷиҳати саривақт пардохт намудани қарзи андоз пурсиш ба амал оварда шуд. Дар самти бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким Карим ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Бӯстон дар нуҳ моҳи соли 2017-ро хуб арзёбӣ намуд.

Мамнури МЭЛС

Add comment


Security code
Refresh