Раванди мусбати рушди саноат

Соҳаи саноат яке аз соҳоти асосӣ маҳсуб ёфта, рушду тараққии он аз ҳар ҷиҳат муфид арзёбӣ мегардад. Бобати вазъи кунунии соҳаи саноати вилоят бо мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода ҳамсуҳбат гардида, оид ба вазъи соҳа, ҷиҳати ташкили коргоҳҳо, ҷойи нави корӣ пурсон шудем.

-Дар натиҷаи тадбирҳои андешида давоми 9 моҳ дар миқёси вилоят 52 корхонаву коргоҳи нав бо 474 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шуруъ намуданд. Корхонаҳои таъсисдодашуда асосан соҳаҳои саноати масолеҳи сохтмон, хўрокворӣ ва сабукро дарбар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат карданд.

Воқеан, саноатчиёни вилоят таи солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба нишондиҳандаҳои басо назаррас ноил гардида, баҳри беҳбудии иқтисодиёт саҳми хоса доранд. Дар ин давр бобати ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда ва ба ин васила таъмини саноатикунонии иқтисодиёти мамлакат ба дастовардҳои назаррас шарафёб гарданд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят суръати мусбии рушдро таъмин карданд ва зиёда аз он дар 13 шаҳру ноҳия он аз 120 фоиз зиёд гардид.

- Омилҳои рушди воқеии соҳаи саноати сабук дар чист?

- Баъди бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бекор шудани андози 10 фоиза аз фурўши нахи пахта ва ҷорӣ шудани боҷи содиротӣ марҳалаи нави рушди воқеии соҳаи саноати сабуки вилоят оғоз гардид. Бояд тазаккур дод, ки ин супориши Пешвои миллат аввалин самараҳои неки худро дода истодааст. Чунончӣ, дар нўҳ моҳи соли равон содироти нахи пахта нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 2,4 маротиба коҳиш ёфта, баръакс содироти калобаи пахтагӣ 1,8 маротиба зиёд шуд.

-Таи чанд соли охир коргоҳҳои зиёде рўи кор омаданд, ки сокинони кишварро бо маҳсулоти худии аз ҳар ҷиҳат босифат таъмин мекунанд ...

- Бале, таҳлилҳо нишон доданд, ки давоми солҳои 2014 – 2017 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 144 корхонаву коргоҳи нави истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, 46 корхонаву коргоҳи коркарди пластикаи филизӣ, 40 коргоҳи қаннодӣ, 27 коргоҳи коркарди пахта ва истеҳсоли равғани растанӣ, 23 коргоҳи коркарди гўшту шир, 21 коргоҳи коркарди ғалла ва шолӣ, 14 коргоҳи нонпазӣ, 12 коргоҳи коркард ва банду басти меваи хушк, 6 коргоҳи коркарди меваю сабзавот, 6 коргоҳи қолинбофӣ ва 84 коргоҳи нав дар дигар соҳаҳои истеҳсолӣ таъсис дода шудаанд.

Яке аз дастовардҳои соҳибкорону саноатчиёни вилоят ин расидан ба худтаъминкунӣ ва ба роҳ мондани таъминоти мактаббачагони дигар манотиқи кишвар бо либоси мактабӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади ҷалб намудани бонувони бешуғл ба ҳунаромўзӣ ва ба ин васила беҳтар кардани шароити иқтисодии сокинон дар шаҳру ноҳияҳо давоми солҳои 2014-2017 дар маҷмуъ 57 адад, аз ҷумла, соли 2014 – 19, соли 2015 - 24, соли 2016 - 9 ва соли 2017 – 5 корхонаву коргоҳи нави дўзандагӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар натиҷа, раванди афзоиши саҳми вилоят дар ташаккулёбии маҳсулоти саноатии кишвар идома ёфта, ҳиссаи саноати вилоят ба 50,4 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ 4,2 фоиз зиёд аст.

- Оё саноатчиёни вилоят минбаъд низ ин раванди мусбиро нигоҳ медоранд?

- Дуруст таъкид намудед, ки сол аз сол раванди тараққиёбии соҳа бештар ба назаррас мерасад. Барои қиёс, саҳми вилоят дар саноати ҷумҳурӣ дар ҳолати 1 октябри соли 2014 ба 34 фоиз баробар буд. Яъне, дар давоми 3 сол ҳиссаи вилоят дар ташаккулёбии маҳсулоти саноатии кишвар 1,5 маротиба афзудааст.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки соли 2016 ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят аз ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ 672 миллион сомонӣ зиёд гардид. Барои мисол, соли 2015 тафовути мазкур 1,2 миллиард сомониро ташкил медод ва ба фоидаи кишоварзон буд.

Тибқи нишондодҳо саноатчиёни вилоят соли равон низ ин раванди мусбиро нигоҳ хоҳанд дошт.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh