Ислоҳот дар соҳаи хариди давлатӣ

Тайи ду соли охир фаъолияти Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули ягонаи пешбурди расмиёти хариди электронӣ дар портали ягонаи хариди давлатӣ равона гардидааст. Дар Кохи матбуоти маркази вилоят бо ҷалби 100 нафар намояндаи ташкилоти харидор ва ширкатҳои молрасонӣ дар мавзӯи «Амалияи анҷом додани хариди давлатӣ тавассути низоми электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Мудири бахши Агентии хариди давлатӣ, мол кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Олим Камолов дар баромади худ таъкид дошт, ки мақсади асосии чорабинии мазкур шинос намудани иштирокчиён бо сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи ислоҳоти соҳаи хариди давлатӣ ва татбиқи амалии он буда, чунин семинарҳо дар як вақт дар шаҳрҳои Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ низ баргузор гардиданд. Дар рӯзи аввали семинар мутахассиони Агентӣ оид ба имкониятҳои фарогирии ташкилоти харидори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо низоми электронии нави хариди давлатӣ, омодасозии инфрасохтор ва технологияҳои иттилоотию иртиботӣ ҷиҳати кор дар портали ягонаи хариди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти банақшагирии харидҳои давлатӣ, назорати харидҳои соддакардашуда ва харидҳо аз як манбаъ, протоколҳо ва ҳисоботи соҳавӣ маълумот доданд.

Мутахассисон бар ин ақидаанд, ки чораҳои калидии ислоҳоти соҳавӣ ин мутобиқгардонии қонунгузории хариди давлатӣ бо меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ, коҳиши таъсири омилҳои дорои хусусиятҳои коррупсионӣ, рушди низоми электронии хариди давлатӣ, таъмини истифодаи самаранок ва сарфакоронаи маблағҳои давлатӣ, тақвияти шаффофият ва тавсияи рақобат дар низоми хариди давлатӣ, назорат ва мониторинги доимии харидҳои давлатӣ ва ташкилоти харидори соҳибиқтисод, истифодаи низоми хариди давлатӣ ҳамчун василаи дастгирии давлатии мол-истеҳсолкунандагони ватанӣ мебошад.

Саидмуҳаммад Арбобов - сардори Идораи сохтмони асосии ноҳияи Айнӣ:

- Шукронаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ техникаву технологияи нав ҷорӣ шудааст. Дар оянда нақша дорем, тамоми он маблағҳое, ки барои хариди хизматрасонӣ гузошта мешавад, ба ин портал ворид намоем. Дар он сурат шаффофияти харид беҳтар мешавад, рақобати озод байни молрасон муайян ва сарфаву сариштаи маблағе, ки ба ин соҳа равона шудааст, беҳтар мегардад.

Дар рӯзи дуюми семинар намояндагони мушовири байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон принсипҳои асосии фаъолият дар низоми такмилдодашуда, модулҳои хариди электронӣ, ҷузъҳои мукаммал гардонидашудаи портали ягонаи хариди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тариқи скайп аз шаҳри Душанбе шарҳ дода, бо мутахассисон ва иштирокчиёни семинар саволу ҷавоб намуданд.

Назира Қӯзиева - корманди Раёсати молияи шаҳри Хуҷанд:

 -Пеш аз ҳама, бояд қайд намоям, ки семинари мазкур дар сатҳи хеле хуб ташкил ва баргузор гардид. Ман аз он таассуроти зиёд бардоштам ва барои пешрафти кор истифода хоҳам кард. Мехостам, ки дар оянда барои ба портали ягона дохил шудан курсҳо ташкил шаванд, кормандони муассисаҳо барои шаффофият ва гузаронидани тендерҳои хариди мол ба таври ягона ба низоми электронӣ гузаронида шаванд, ки барои беҳбудии фаъолияти корӣ равона гардидааст.

Баргузории семинарҳои минтақавӣ боиси баланд бардоштани иқтидори ташкилоти харидор, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, рақобатпазир ва воридотивазкунанда, истеҳсоли ҳарчӣ бештари маҳсулоти ватанӣ, ҳамзамон ба ҷорӣ намудани низоми электронии хариди давлатӣ дар миқёси кишвар таъсири мусбат мерасонад.

Ҳамроз Баронов - директори ҶДММ «Манора-2014»:

- Дар низоми электронии хариди давлатии мол ва хизматрасонӣ ҳама метавонанд фаъолияти соҳибкории худро бо ин роҳ, муфассал, кушоду равшан дар низоми системаи электроникунонӣ пеш баранд.

Ба иштирокчиёни семинар, ки тайи ду рӯз нозукиҳои низоми электрониро аз худ намудаанд, сертификатҳо супорида шуд.

 Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»,
Суратгир Инъомҷон РАБИЕВ

Add comment


Security code
Refresh