Ифтитоҳи маркази илм ва фарҳанги Русия дар Хуҷанд

Дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Русия таъсис ёфт. Дар маросими ифтитоҳи бинои Марказ роҳбари ҳамкории байналхалқии гуманитарии «Россотрудничество» Алексей Владимирович Фролов, Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин - Фролов, муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, Консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Алексеевич Бондаренко, роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд Иван Иванов, сарварони донишгоҳҳои олӣ ва соҳаи фарҳанги вилоят, намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат варзиданд.

Чорабиниро Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин - Фролов ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф қайд кард, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд кушода шудани Маркази илм ва фарҳанги Русия дар соли таърихии 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҳар ду кишвар хеле рамзист. Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидо бо дарки умумияти манфиатҳои тарафайн муносибатро хеле хуб ба роҳ мондаанд. Дар ҳар мулоқоту вохӯриҳои роҳбарони ду давлат борҳо таъкид гардидааст, ки барои рушд ва такмил бахшидани робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ ҳамкории минтақавӣ ва соҳавии Тоҷикистону Русия аҳамияти хеле калон дорад. Гузашта аз ин Маркази навбунёд дорои захираҳои зиёди махзани иттилоот, таъмин бо таҷҳизоти пешрафта ва муҳимтар аз ҳама дар дили шаҳр ҷой гирифтааст. Ҳанӯз якуми феврали соли 2011 байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти фарҳангӣ шартнома баста шуда буд ва боиси шодмонист, ки алҳол дар маркази вилояти Суғд чунин имконият фароҳам омад ва барои муҳайё сохтани шароити мусоид ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят арзи сипос кард.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ изҳор дошт, ки таъсиси Маркази илм ва фарҳанги Русия дар маркази шаҳри Хуҷанд аз ҷонибдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин рӯи кор омад ва кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки чунин ҳамкории тарафайн байни ин ду давлат дар ҳамаи соҳаҳо рушд ёбад. Наздик ду аср аст, ки таърих ва фарҳанги ин ду миллат бо ҳам тавъам ҳастанд.

Дар солҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ китф ба китф ҳамроҳи дигар халқиятҳо ғалаба ба даст овардем. Ҳоло ҳам намояндагони ин ду миллат дар сарзамини мо ва ҳам дар Русия зиндагӣ доранд ва риштаи дӯстиву ҳамгироист, ки солҳо моро бо ҳам пайванд месозад.

Дар мулоқоти чанде пеш баргузоргардида низ масъалаҳои муҳим баррасӣ ва ҳал гардиданд. Барои ҳамкории тарафайн, таъсис ёфтани чунин Марказ арзи сипос менамоем.

Роҳбари ҳамкории байналхалқии гуманитарии «Россотрудничество» Алексей Фролов барои таъсиси дуюмин Марказ дар Тоҷикистон (нахустинаш дар шаҳри Душанбе) ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон арзи сипос намуд. И.Фролов ҳамчунин оид ба баргузории барномаҳои фарҳангии ду кишвар, рушди соҳаҳои фарҳанг ва илм ибрози ақида намуда, қайд кард, ки соли равон беш аз 30 нафар омӯзгорони фанҳои мухталифи Федератсияи Русия ба Мактабҳои Президентӣ даъват гардида, зиёда аз ҳашт ҳазор китобҳои дарсӣ ба Тоҷикистон дастрас шуда, инчунин ҳамасола то ҳафт ҳазор донишҷӯ ба мактабҳои олии Федератсияи Русия дохил мешаванд, ки аксари онон аз вилояти Суғд мебошанд. Дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки чунин дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду давлат рушд ёбад.

Сипас, роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Русия Иван Иванов ҳозиринро бо толорҳои Марказ ошно сохт.

Шоми ҳамон рӯз бо иштироки санъаткорони ду давлат дар Муассисаи давлатии Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барномаи консертӣ баргузор шуд.

Тавҳида ҶӯРАЕВА,
суратгир Инъомҷон РАБИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд» 

Add comment


Security code
Refresh