Истиқлолияти энергетикӣ - дастоварди муҳим

Сарфаи қувваи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он асоси таъмини шабонарӯзӣ бо қувваи барқ аст!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорони кишвар таъкид намуданд, ки имсол бо сабаби ба вуҷуд омадани имкониятҳои таъмини шабонарӯзии қувваи барқ дар ҷумҳурӣ тартиби ба таври реҷавӣ интиқол додани он ба аҳолӣ аз байн бардошта мешавад. Дар ин росто аз сокинони мамлакат тақозо ба амал омад, ки дар мавриди сарфакорона истифода бурдан аз қувваи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он бетараф набошанд.

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Шабакаҳои Барқи Истаравшан” 7 шаҳру ноҳияи вилояти Суғдро бо қувваи барқ таъмин менамояд. Бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз таъмиру таҷдиди дастгоҳу зеристгоҳҳо, таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ, фурӯши он ва пардохти саривақтии маблағ аз ҷониби истифодабарандагон бо директори ин муассиса Муҳиддин Аҳмадов ҳамсуҳбат гаштем.

Бино ба гуфти ӯ бо мақсади таъмини аҳолӣ бо барқ корҳои омодагӣ ба тирамоҳу зимистони имсола дар асоси нақша ҳанӯз дар охири моҳи майи соли равон оғоз шуда буданд. Аз ҷумла, корҳои таъмири асосию ҷории таҷҳизоти барқӣ ва ёрирасони коргоҳ ба маблағи 2294,4 ҳазор сомонӣ анҷом ёфтааст.

Барои бартараф кардани сербории зеристгоҳи барқии «Чорбоғ» аз захираи «Шабакаҳои Барқи Истаравшан» трансформатори 16 МВА, ки аз соли 2008 то имрӯз дар ҳолати корношоямӣ қарор дошт, бо роҳи таъмири асосии ғалтаки шиддати 110 кВ, ғалтаки танзими шиддат дар зери борнокӣ ва гардонидани ғалтаки пастшиддати 6 кВ-и трансформатори 110/35/6 кВ бо тавоноии 16 МВА ба шиддати 10 кВ ба итмом расонида шуд.

Гузашта аз ин, 4 адад трансформатори баландқудрат бо тавоноии 4000-16000 кВ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, дар навбати сеюми зеристгоҳи барқии «Айнӣ» ва дар навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Зарринруд» васлу насб карда шуд ва ин ба кам кардани талафоти нерӯи барқ ва баланд бардоштани сифатнокии таъмини он мусоидат намуд.

 - Хушбахтона, - гуфт Муҳиддин Ҳамзаевич, - ба шарофати сиёсати пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои кишвари мо, махсусан муваффақ шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар баробари раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ қобили таваҷҷӯҳ буда, давлати Тоҷикистон дар ин ҷода як силсила иншооти муҳими энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», МБГ-2-и шаҳри Душанбе, як идда неругоҳҳои хурди дигари истеҳсоли барқи обиро ба анҷом расонид ва соҳиби иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ шуд.

Дар ин давра ҳамчунин таҷдиду азнавсозии иншооти энергетикии амалкунандаи Норак, Қайроққум, Сарбанд ва Варзоб оғоз гардида, дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расиданд.

Инчунин ба истифода додани хатти интиқоли барқии 500 кВ «Ҷануб-Шимол» ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани зеристгоҳи барқии «Суғд-500 кВ» ҳалқаи ягонаи электрикии кишварро ба амал овард ва ба ҳамин васила вобастагии кишварамон оид ба таъмини барқ аз ҷониби мамлакатҳои ҳамсоя аз байн рафт ва хизматрасонии он ба уҳдаи мутахассисони «Шабакаҳои Барқи Истаравшан» вогузор гардида, коргарони мо ин вазифаи мушкил, вале пуршарафро муваффақона иҷро карда истодаанд.

Дар натиҷа, имсол аҳолии кишварамон, ки пештар бино ба сабаби маҳдуд будани имкониятҳои таъмин бо неруи барқ дар фасли сармо ба тариқи реҷавӣ бо барқ таъмин мегардиданд, дар фаслҳои тирамоҳу зимистони имсола пурра бо қувваи барқ таъмин карда мешаванд.

Дар ин самт, «Шабакаҳои Барқи Истаравшан» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи Муроҷиатномаи Ширкати «Барқи Тоҷик» ба тамоми шаҳрвандони мамлакат корҳои зиёди тарғиботию ташвиқотиро ба анҷом расонида истодааст. Аз ҷумла, мо бо ин ҳадаф дар як чанд идда корхонаю ташкилот, муассисаю хоҷагиҳои минтақа мулоқотҳо барпо карда, зарурати ин масъаларо ба коргарон фаҳмонидем. Ғайр аз ин, назоратчиёни мо дар ҳамаи шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳои зертобеи Муассиса, истеъмолкунандагон масъалаи сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва пардохти саривақтии маблағи онро фаҳмонида истодаанд.

Ба мардум талқин менамоянд, ки сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодашуда, агар аз як тараф баёнгари фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат бошад, аз тарафи дигар ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикии кишвар мусоидат менамояд.

- Дар натиҷа, дастовардҳои мо дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар бобати таъмини аҳолӣ бо барқи хушсифат ва фурӯши он назаррас аст, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.

Кормандони фурӯши барқи минтақа дар ин муддат 69815,2 ҳазор сомонӣ маблағи барқи истифодашударо ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба 10 моҳи соли гузашта 7958,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта корхонаҳои саноатии минтақа низ неруи барқро зиёдтар истифода бурда, маблағгузориро низ дар қиёс бо соли гузашта бештар пардохт намудаанд. Истифодаи қувваи барқ аз ҷониби ташкилотҳои буҷавии минтақа дар қиёси давраи соли гузашта афзоиш ёфта, маблағи пардохт нисбат ба соли гузашта зиёдтар мебошад.

- Вале ин натиҷаҳо ҳоло моро қаноатманд карда наметавонанд. Ягона мушкилие, ки дар ин соҳа мавҷуд аст, ин қарзи калони корхонаю ташкилотҳо ва хоҷагию муассисаҳои минтақа мебошад, ки аз солҳои пешин боқӣ монда, сол ба сол афзоиш ёфта истодаанд, -мегӯяд Муҳиддин Ҳамзаевич.

Дар ҳоли ҳозир қарзи корхонаҳои коммуналии минтақа 242,6 ҳазор сомонӣ, обу корез 2171,7 ҳазор сомонӣ, хоҷагиҳои кишоварзии минтақа 18 250,8 ҳазор сомонӣ, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии минтақа (Истаравшан, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Зафаробод) 39 789,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Танҳо корхонаҳои давлатии беҳдошти замини ноҳияи Зафаробод 32 миллиону 169 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.

Умуман корхонаю муассисаҳо ва хоҷагиҳои тобеи минтақа дар ҳамин рӯз аз «Шабакаҳои Барқи Истаравшан» 68 465,2 ҳазор сомонӣ қарздоранд.

Мутаассифона, дар байни истеъмолкунандагони қувваи барқ қарздороне, ки қарзи умумиашон маблағи калонро ташкил медиҳад, бештар аҳолии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Зафаробод мебошанд.

Умед мекунем, ки сокинони шаҳру ноҳияҳои минтақаи мо барои истифодаи мақсадноку сарфакоронаи неруи барқ муносибати ҷиддӣ мекунанд ва ҳамчунин бобати сари вақт пардохт намудани маблағи он кӯшиш ба харҷ медиҳанд, -гуфт дар фарҷоми суҳбат Муҳиддин Аҳмадов.

Ҳусейни Назрулло,
 рӯзноманигор,
шаҳри Истаравшан

Add comment


Security code
Refresh