Низоми ҷадиди соҳаи андоз

Ин иқдом дар корхонаҳои коркарди пахта чӣ гуна амалӣ шуданд?

Фаъолияти дидбонгоҳҳои назорати андозӣ дар корхонаҳои коркарди пахтаи вилояти Суғд ҷамъбаст гардид. Ёдовар мешавем, ки мақомоти андози вилояти Суғд дар асоси супориши Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади ҳисоби дуруст ва пардохти саривақтии андози корхонаҳо дар асоси Фармоиши сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд аз 19 сентябри соли 2017 дар 33 корхонаи коркарди пахта аз ҳисоби кормандони Раёсати андоз ва сохторҳои марбута дидбонгоҳҳои назорати андозӣ гузошта буд.

Шахсони мутасаддии дидбонгоҳҳои назорати андозӣ вазифадор шуда буданд, ки рафти қабул ва ё хариди пахтаи хом аз хоҷагиҳои деҳқонӣ, коркарди пахта ва фурӯши маҳсулоти аз он истеҳсолшавандаро зери назорат қарор дода, барои таъмини саривақтии ҳисобу пардохти андозҳо аз ҷониби корхонаҳои пахтатозакунӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ чораҷӯӣ намоянд. ҳамин тариқ, аз ҷониби дидбонгоҳҳои назорати андозӣ воридоти пахтаи хом ва баровардани маҳсулоти коркардшуда (нахи пахта, чигит, тибит, торак ва пат) назорат карда шуда, ҳар як амалиёт дар китоби дидбонгоҳ дар алоҳидагӣ бо нишон додани ному насаби соҳибкорони инфиродӣ, номи хоҷагиҳои кишоварзӣ, РМА-и онҳо, номгӯи харидорони маҳсулоти коркардшуда қайд шуданд.

- Фаъолияти дидбонгоҳҳо зери назорати доимӣ қарор дода, ҳафтае ду ё се маротиба шабона санҷида мешуданд, - таъкид дошт муовини сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд Обиди Муҳаммадсаид. Мавсуф илова намуд, ки бо назардошти он, ки қарзи соҳаи кишоварзии вилоят дар назди буҷети давлатӣ хеле зиёд аст, ба ҳар як дидбонгоҳи назорати андозӣ рӯйхати хоҷагиҳои бақияпулиҳои андоз дошта, дастрас ва ҳар даҳрӯза маълумоти пахтасупорӣ бо нишондоди номгӯи хоҷагиҳо ва миқдори пахтаи супоридашуда дар шакли электронӣ ба нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳои пахтакор ирсол карда шуданд. Дар рӯзҳои аввали фаъолияти дидбонгоҳҳо ҳолатҳои зиёди аз ҷониби як хоҷагии деҳқонии қарзи андоз надошта супоридани пахтаи хоҷагиҳои деҳқонии қарздор мушоҳида гардид. Ин гуна ҳолатҳо дар ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов зиёдтар ҷой доштанд, ки дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ ин гуна камбудиҳо бартараф карда шуданд.

Фаъолияти гурӯҳи корӣ имкон дод, ки нозиротҳои андоз рафти коркарди пахта ва фурӯши маҳсулоти аз он истеҳсолшавандаро назорат карда тавонанд.

Алҳол корхонаҳои пахтатозакунӣ дар шаҳри Конибодом, ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва Ашт, хоҷагиҳои пахтакорӣ ва ҳам корхонаҳои пахтатозакунӣ дар қайди нозироти андоз мебошанд, пеш аз баровардани маҳсулоти тайёр аз ҳудуди корхона иҷозати нозироти андозро гирифта, танҳо дар сурати набудани бақияпулиҳои қарзи андоз маҳсулоти худро мебароранд. Агар маҳсулоти коркардшуда аз они хоҷагиҳои кишоварзӣ бошад, пеш аз баровардани маҳсулот рӯйхати ин хоҷагиҳоро бо нозироти андоз мувофиқа мекунанд. Ин гуна низоми корӣ ба кам кардани бақияпулиҳо ва иҷрои нақшаи воридоти андозҳо мусоидат намуд.

Ташкил намудани дидбонгоҳҳои назорати андозӣ дар корхонаҳои пахтатозакунӣ имкон дод, ки миқдори пахтаи қабулшуда зиёда аз 1160 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбати соли 2016 ба миқдори 31,3 ҳазор тонна ё ин, ки 136,8 фоиз зиёд аст, ҳол он ки абрабатсияи муайянкунии ҳосили пешакии пахта дар солҳои 2016- 2017 қариб нишондоди якхеларо муайян намудааст. Дар дидбонгоҳҳои назоратӣ ҳолатҳои зиёди кӯшиши бе ҳуҷҷати қабули пахта харидорӣ намудани он ошкор ва пешгирӣ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки ба туфайли фаъолияти дидбонгоҳҳо бо баробари зиёд шудани ҳаҷми пахтаи қабул ва ё харидашуда даромади умумӣ, андозҳои ҳисоб ва пардохтшудаи корхонаҳои пахтатозакунӣ низ зиёд гардиданд. Таҳлили муқоисаи нишондоди даҳ моҳи соли 2017 нисбати ҳамин давраи соли гузашта нишон дод, ки агар дар даҳ моҳи соли 2016 даромади умумии корхонаҳои пахтатозакунӣ 78,9 млн. сомониро ташкил диҳад, пас дар 10 моҳи соли 2017 ин рақам ба 1440 млн. сомонӣ расид, ки нисбатан 65,1 млн. сомонӣ ё ин ки 182,5 фоиз зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта андозҳои ҳисобу пардохтшуда таносубан 4,5 млн. ва 2,4 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Корхонаҳои пахтатозакунии “Зафаробод Инвест” ва “Пахтаи Зафаробод” аз ноҳияи Зафаробод, “Ширкати сохтмонии Рахшона” аз ноҳияи Ашт, “Юсуф Саркор”, “Зафариён”, “Шамс 777” аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, “Ҳамро-2016” аз ноҳияи Мастчоҳ, “20-солагии Истиқлолият” ва “Тиллои сафед Н” аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, “Конибодом Коттон” аз шаҳри Конибодом даромади умумии худро зиёд, нисбати 10 моҳи соли 2016 зиёдтар андозро ҳисобу пардохт намуданд.

Раёсати андоз дар вилояти Суғд нишондодҳои дидбонгоҳҳои назорати андозӣ, маълумотҳои оморӣ ва маълумотҳои СИА “Баҳисобгирии андозҳо”-ро ба якдигар муқоиса карда, тасмим гирифтааст, ки баъди ҷамъбасти пурраи мавсими ҳосилғундорӣ дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти омор, роҳбарон ва сармуҳосибони корхонаҳои пахтатозакунӣ ҷаласаи корӣ баргузор карда, барои пешгирии камбудиҳо чораҷӯӣ намояд.

Тоҳирҷон Искандарзода,
махсус барои «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh