Асоси миллӣ ва худшиносӣ

Дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25- солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ баргузор гардид.

Сардори Сарраёсат Ҳокимбек Накҳатзода дар маърузааш роҷеъ ба аҳамияти таърихии Иҷлосия сухан ронда, гуфт, ки «маҳз дар ҳамин Иҷлосия нахустпойдевори сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии байни гурӯҳҳои мухолиф гузошта шуд. Дуюм, интихоби дурусти вакилони халқ ба мансаби Раиси Шӯрои Олӣ, фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки минбаъд содиқона ба халқу Ватан хизмати шоиста карданд. Сеюм, аҳамияти таърихии ин Иҷлосияи наҷотбахши миллат қабули рамзҳои давлатӣ – Нишон ва Парчам, ки баъди соҳибистиқлолӣ бори нахуст онро вакилон пазируфтанд…

Вакили Иҷлосияи тақдирсози миллат аз ҳавзаи интихоботии «Киров 164», ноҳияи Вахш, Темурҷон Дадобоев хотироти хешро аз он рӯзҳои муташанниҷи ҷумҳурӣ ёдовар шуда, гуфт, ки ҳозирин бояд ба қадри сулҳу ваҳдати комили имрӯза, ба қадри кӯшишу заҳматҳои шаборӯзии Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон нисбати таъмини амният, сулҳу ваҳдат ва ҳаёти осоиштаи халқ бирасанд. Раиси комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ изҳор дошт, ки ҳизби мазкур чун ҳизби пешбарандаи ҷомеа ва татбиқгари сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ ҳамеша мекӯшанд, бо пеш бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ҳиссагузор бошанд.

Баъдан дар вазъияти тантанавӣ барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ғояҳои ҳизб ба сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода Ифтихорнома, ба корманди Сарраёсат Хосият Алибоева Сипосномаи комиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва ба 10 нафар кормандони ҷавони Сарраёсат билетҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

Абдуғафур АМИНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh