Навгонӣ: Чанд паҳлӯи як масъала

Шаҳодати болидарӯҳии хурду калон

Имрӯзҳо мавсими зимистон идома доштаву ҳаво тағйирёбанда, сарду боронӣ боқӣ мемонад. Чунонки ҳамагон огаҳем, дар шаҳру навоҳии вилоят дар солҳои пешин аз аввали моҳи октябр маҳдудияти неруи барқ ҷорӣ гардида, ба аҳолӣ 6,5-7 соат дар як шабонарӯз барқ дода мешуд.

- Алъон Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расидан ба ҳадафҳои энергетикии кишвар басо корҳои бузург анҷом дода истодаанд. Баробари ба истифода дода шудани як қатор иншооти барқрасон вазъияти соҳа сол аз сол беҳтар гардидааст. Маҳз маҷмуи татбиқи чорабиниҳо вобаста ба даври сармо имкон доданд, ки соҳоти муҳими хоҷагии халқ дар ҳамин фасл фаъолияти самарабахш дошта, аҳолии вилоят ба таври шабонарӯзӣ бо неруи барқ таъминанд.

Боиси сарбаландист, ки комёбиҳо, хосатан, дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ назаррас мебошанд. Дар ин муддати кӯтоҳ тибқи дурнамои Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёди як силсила иншооти муҳими энергетикӣ ба анҷом расонида шуда, соҳиби иқтидорҳои нави истеҳсолии неруи барқ гардидему ин раванд босуръат идома дорад, - изҳор дошт сардори Шабакаҳои барқи минтақаи Суғд Тӯра Атамов.

– Бахши энергетикаи вилоят дар таъмини неруи барқ ҳиссаи муайян дорад. Тибқи маълумот алҳол дар ҳамаи шабакаҳои барқӣ корҳои барқрасонӣ бомаром идома дошта, нисбат ба солҳои қаблӣ хеле беҳтар гардидааст.

- Ҷиҳати дар фасли зимистон ба садамаву дигар камбудиҳо роҳ надодан, оғоз аз моҳи май дар бобати таъмиру таҷдиди симчӯбҳову ноқилҳои барқӣ, таъминот бо сӯзишвории зарурӣ ва равғани трансформаторҳо корҳо ба сомон расонида шуданд. Аз таҳлилҳо бармеоянд, ки бо ивази хатҳои кабелӣ ва ноқилҳои луч дар доираи Лоиҳаи ”Кам намудани талафоти нерӯ дар Суғд”, ки қисман ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дарбар гирифт, вазъият аз солҳои пеш беҳтар гардидааст, - афзуд мавсуф.

Ин гуфтаҳоро худи сокинони ноҳия низ тасдиқ намуда, аз вазъи барқрасонӣ болидахотиранд.

Мунира Алимова, - сокини Ҷамоати деҳоти Обшорони ҳамин ноҳия мегӯяд, ки солҳои пеш ғайр аз он, ки неруи барқ бо маҳдудият дода мешуд, шиддат басо паст буд ва зуд-зуд садамаи барқӣ ба миён меомад, ки сокинонро басо нороҳат менамуд. Алҳол мо ба таври шабонарӯзӣ бо неруи барқи хушсифат таъмин ҳастему мушкилот дар ин роҳ қариб, ки ба чашм намерасад.

Лоиҳа то кадом андоза амалӣ гардид?

Воқеан зикр кардан бамаврид аст, ки 8 сентябри соли 2005 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (Бонки Умумиҷаҳонӣ) Созишномаҳои молиявӣ оид ба маблағгузории Лоиҳаи “Кам намудани талафоти неру” ба имзо расонида, гурӯҳи татбиқи ин лоиҳа таъсис дода шуд.

Менеҷери Лоиҳаи ”Кам намудани талафоти неру дар Суғд” Фарҳод Бобоев арз дошт, ки мақсади асосии Лоиҳа кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ, тавассути қисман таҷдид намудани шабакаҳои барқӣ, ҷорӣ намудани системаҳои автоматии идора ва ҳисоб, биллинг, насбу васли ҳисобкунакҳои барқии электронии интеллектуалӣ, баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии маблағи ҳаққи истифодаи неруи барқ, сифати барқрасонӣ ба муштариён мебошад. Лоиҳа, таҳвил ва насбу васли ҳисобкунакҳои барқии электронии интеллектуалӣ, бакорандозии системаи автоматии идора ва ҳисоби қувваи барқ ва системаи биллинг, инчунин қисман барқарорсозии шабакаҳои барқии шиддати 0,4кВ дар шаҳри Хуҷанд ва қисмати Шабакаҳои барқии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дарбар мегирад.

Дар доираи Лоиҳа таҷдиди як қисми шабакаҳои барқии шиддати 6-10кВ-и дар Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла насбу васли хатҳои кабеливу ҳавоӣ ва истгоҳҳои трансформатории иловагӣ ва сохтмони зеристгоҳи “Ваҳдат” 110/10кВ бо ду трансформатори иқтидорашон 16МВА пешбинӣ гардидааст.

- Моҳи ноябр аз рӯи Лоиҳа мо пурра васлу насби ҳисобкунаки барқиро ба охир расонидем, ки дар натиҷаи он зиёда аз 80 ҳазор ҳисобкунаки барқӣ насб ва 350 километр хати ҳавоии ноқили луч иваз карда шуданд. Тибқи нақшаи Лоиҳа мебоист 1400 сутунпояи чӯбӣ иваз карда шавад, вале дар натиҷаи ташхис дар ҳолати зиёди садамавӣ будани сутунпояҳои чӯбини фарсуда ошкор ва онҳо ба 6900 сутунпояи оҳаниву бетонӣ иваз гардиданд. Ҳамаи ноқилҳо дар хонаҳои баландошёна буданд, ҳамчунин лавҳаҳои тақсимотӣ низ пурра таҷдид шуданд. Яъне Лоиҳаи мазкур ва бандҳои дар он пешбинишуда ба итмом расонида шуд.

Татбиқи Лоиҳа ба мо-масъулин даст дод, ки нисбат ба солҳои қаблӣ шумораи садамаҳо кам гардида, хонаҳои мардум бо барқи шиддатнокиаш босифат таъмин карда шавад. Дар давраҳои пешин талафоти нерӯи барқро ҳисоб кардану пеши роҳи онро гирифтан даст намедоданд. Ҳоло бо боварӣ гуфта метавонем, ки талафоти неруи барқ ба таври автоматӣ ҳисобида, аз 17-18 то 9 –10 фоиз, дар тобистон бошад, то 8 фоиз поён фароварда мешавад, -зикр дошт Фарҳод Бобоев.

Пардохти маблағ дар кадом сатҳ?

Аксари мардум шиква доранд, ки банкоматҳои қабули маблағҳои исифодаи неруи барқ кор намекунанд ва маҷбуранд дар ин фасли сармо соатҳо дар назди хазинаҳои “Амонатбонк” дар навбат истанд. Худ қазоват кунед, солҳои пеш дар як моҳ се маротиба назоратчиёни шабакаи барқӣ омада, маблағи неруи барқи истифодашударо ҷамъоварӣ менамуданд ва дар ин самт бештари онон, ки соҳибтахассус набуданд, ба қонунвайронкуниҳои зиёде роҳ медоданд. Алҳол, чунин вазъият пурра аз байн рафтаву аз ҳар ҷиҳат баҳри мардум манфиатовар шуда, ягон душворӣ дар самти пардохт вуҷуд надорад. Масалан пардохти маблағи истифода барқи моҳи декабр аз оғози моҳ то 17-19 январ сурат мегирад. Дар сурати кор накардани банкоматҳо ин гуфтушуниду шартнома байни “Амонатбонк” ва масъулини ташкилоти пардохтҳои фаврӣ (Express-pay) мебошад.

Дар мавриди навбатпоии мардум ҳаминро мегӯем, ки аксари сокинон дар хонаҳояшон омадани ҳисобномаҳоро интизор гашта, пас ба хазинаҳои бонкӣ мераванд. Чунин амал албатта боиси нигарониву ҳам ранҷидахотирии онҳо мегардад. Ҳар муштарӣ метавонад рӯзҳои 2 ва 3-юми моҳ бо суратҳисоби махсуси худ омада, маблағи неруи барқро, ки дар компутер ба таври автоматӣ ҳисобӣ мегардад, бемалол пардохт намояд.

Ҳамчунин, бо дастрасӣ аз шабакаи интернетӣ тариқи сомонаи www.khges.tj муштариён метавонанд оид ба миқдори барқи истифодашуда, қарз ё мувозинат, ва умуман тамоми амалиёти хеш оид ба неруи барқ воқиф гарданд. Мутахассисони мо дар Шабакаҳои барқи Хуҷанд қарор дошта, дар ин самт ҳамеша барои маълумотдиҳии муштариён омодаанд.

Пас аз суҳбат бо менеҷери лоиҳа Ф.Бобоев ба хазинаи бонки амонатгузорӣ, воқеъ дар паҳлӯи Шабакаи барқии Хуҷанд омада дидем, ки касе назди хазинадор дар навбат намеистод. Бо номбар намудани рақамҳои суратҳисоби хеш бемамониат маблағи неруи барқи моҳи декабр ҳисобишудаи хонаамро пардохт намудам.

Доир ба қарзи аҳолӣ ҳамсуҳбатам Ф.Бобоев шарҳ дод, ки анқариб ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин ҳам бошад, бақияи солҳои пешин, яъне то насби ҳисобкунакҳои рақамӣ қарз боқӣ мондаанд. Ҳастанд ашхосе, ки қарздору алҳол берун аз кишвар қарор доранд ва онро напардохтаанд. Дар чунин ҳуҷра ё ҳавлиҳо барқрасонӣ қатъ карда шуда, қарзи онҳо боқӣ мондааст. Умуман масъулин изҳор доштанд, ки алҳол, пас аз гузариш ба системаи биллингии автоматӣ пардохт аз ҷониби корхонаву ташкилот ва ҳамзамон аҳолӣ сад фоиз ба иҷро расида истодааст.

Ҳисобкунакҳои  нав зиёд ҳисоб мекунанд?

Чӣ хеле, ки гуфтем, ҳисобкунаки барқӣ интеллектуалӣ буда, он дар ҳар гуна шиддат метавонад неруи барқро қайд ва ҳисобӣ намояд. Албатта, ин ба баъзе шахсоне, ки солҳои пеш бо тарзи ғайриқонунӣ барқ мегирифтанду аз пардохт саркашӣ мекарданд, номуфид аст. Пас аз гузариш ба системаи мазкур пеши чунин қонунвайронкуниҳо пурра гирифта шуд. Алҳол фаъолияти системаи биллингӣ чунин ба роҳ монда шудааст, ки ҳамаи амалиёти ба иҷро расида, аз қабили шиддат, зиёд барқ гирифтан ва ғайраҳо ҳар 15 дақиқа тариқи паёмакҳо ба масъулин маълумот медиҳад.

Воқеан, баъзе аз сокинон бобати норизоиашон аз ҳисоби неруи барқи истифодабурдаашон муроҷиат мекунанд. Мо ба онҳо мефаҳмонем, ки болоравии нархи неруи барқро низ ба инобат гиранд, чунки агар соли гузашта арзиши ҳар киловатт соат кВт неруи барқ 0,14 сомонӣ бошад, моҳи август нархи он ба 0,17 сомонӣ расид, ки ин омил низ ба бисёр шудани маблағи пардохти неруи барқ таъсир мерасонад.

Дар аксари хонаҳои мардум имрӯз бо вуҷуди он, ки истифодаи лампаҳои тафсон манъ аст, онро боз худсарона ба кор мебаранд. Масалан дар фасли сармо дар ҳар хонадон то 2-3 гармкунак ё кондитсионер истифода мешавад, ки тақрибан як гармкунаки тавоноиаш 2 кВт баробари 2 кВт х 12 соат 30 рӯз х 0,17 дирам ӯ 122,4 маблағ ҳисобӣ мешавад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки сарфакорона истифода бурдани неруи барқ аз маърифату маданияти худи мардум вобаста аст, яъне беҳтар гардидани таъминоти неруи барқ аз сариштакории оқилонаи ҳар яки мо сарчашма мегирад.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh