Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори Панҷшанбе

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки барои мукаммал гардонидани низоми идораи давлатии санитариву фитосанитарӣ, стандартизатсия, сертификатсия ва назорати байторӣ тағйироти сохтории заруриро амалӣ намуда, чиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон чораҳои таъхирнопазир андешанд ва дар ин самт Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавориро таҳия ва амалӣ намоянд.

Бо ин мақсад рӯзи 14-уми январ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади ошноӣ бо вазъи фурӯшгоҳҳо ва ҳолати воқеии нархи маҳсулот ба бозорҳои мавзеи Панҷшанбе ташриф овард. Бозори Панҷшанбе илова бар маркази бузурги савдо будан, инчунин яке аз мавзеъҳои таърихии маркази вилоят ба ҳисоб меравад, ки аз ҷиҳати меъморӣ дар Осиёи Миёна беназир аст. Аз ин рӯ, бозори мазкур чун санъати нотакрори меъмори таваҷҷуҳи меҳмонони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода нахуст ба симои зоҳирӣ ва ҳолати кунунии бозор ва иншооти атрофи он таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Намои имрӯзаи бозор воқеан ҳам ба таъмиру навсозӣ ниёз дорад. Дар ин замина, роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва масъулини бозор вазифадор карда шуданд, ки тибқи лоиҳаи мукамммали меъморӣ таъмиру рангубори пештоқ, айвонҳо, сақфу роҳравҳо ва атрофи бозорро то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба роҳ монанд.

Ҳамзамон, ба мақомотҳои дахлдор дастур дода шуд, ки ҳолати санитарию бехатарии зиддисӯхтор, назорати қатъии сифати маҳсулоти воридшаванда, бахусус хӯрокворӣ ва маҳсулоти гӯштиро ба роҳ монда, тартибу низоми фаъолияти растаҳо ва либоси ягонаи касбии фурӯшандаҳоро ташкил намоянд.

Зимни боздид вазъи нарху навои ниёзи аввал низ мавриди мушоҳида қарор дода шуд. Роҳбари вилоят аз фаровонии маҳсулот дар бозор қаноатманд шуд, аммо аз баланд будани нархи гӯшт изҳори нигаронӣ намуд. Рӯзи боздид як килограмм гӯшти гов дар бозори Панҷшанбе 35 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд 38 сомонӣ фурӯхта мешуд. Бо тавсия ва дастури роҳбари вилоят раёсати бозор ва қассобон тасмим гирифтанд, ки дар андаке паст кардани нархи он мусоидат намоянд. Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва раёсати бозор супориш гирифтанд, ки ҷиҳати паст намудани нарх соҳибкоронро дастгирӣ намоянд. Ҳамин тавр, худи ҳамин рӯз нархномаи нави гӯшт дар бозор муқаррар гардида, қассобон уҳдадор шуданд, ки як килограмм гӯшти говро бо нархи 33 сомонӣ ва гӯшти гӯсфандро 36 сомонӣ ба харидорон пешниҳод кунанд. Санҷиши гуруҳи эҷодӣ нишон дод, ки пас аз тавсияи роҳбари вилоят нархномаҳои гӯшт дар пештоқи дӯконҳои бозор ба таври мусбат дигар шудааст. Миқдори чунин нуқтаҳои фурӯш дар дохили Панҷшанбе 20 ададро ташкил медиҳанд.

Роҳбари вилоят дар растаҳо бо нархи маҳсулоти дигари ниёзи аввал шинос шуд.  Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар Панҷшанбе мавиз 15 сомонӣ, биринҷ 5,5-6 сомонӣ, мош 10-12 сомонӣ , нахӯт 18-20 сомонӣ, турбу шалғам 1 сомонӣ, пиёз аз 2 то 3,5 сомонӣ, сабзӣ аз 80 дирам то 1,5 сомонӣ, картошка 3-3,5 сомонӣ ва помидор 13-15 сомонӣ арзиш дорад. Ба роҳбарияти бозор инчунин тавсия дода шуд, ки ҷиҳати беҳтар кардани шароити фаъолияти фурӯшандаҳо тадбир андешад.

Роҳбари вилоят ҳамзамон вазъи бозори Афросиёбро мавриди назар қарор дода, ба мутасаддиёни он низ ҷиҳати ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, таъмини либоси ягона, воридоти маводи хушсифат, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва танзими нарх супориши қатъӣ дод. Айни ҳол дар бозори Афросиёб беш аз 250 нуқтаи фурӯш фаъолият дорад. Талаб карда шуд, ки роҳбарияти бозорҳо бо мақомоти суғурта шартнома банданд ва иншооти хешро суғурта кунанд. Дар маркази савдои Баҳор бошад, таваҷҷуҳи роҳбари вилоятро растаи ҳунарҳои мардумӣ ба худ ҷалб намуд. Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳунармандону соҳибкорон ва фурӯшандаҳо тавсия дод, ки дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” асосан маҳсулоти ватаниро ба мизоҷон пешниҳод намоянд. Дар ин замина дастур дода шуд, ки ба масъалаи рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кулолгарӣ, чойнику пиёласозӣ ва дигар армуғонҳои миллӣ диққати бештар дода шуда, бо ин васила ташкили ҷойҳои нави корӣ ба роҳ монда шавад.

Раҷаббой Аҳммадзода ҳамзамон таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳрро ба масъалаи ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди масҷид ва оромгоҳи Шайх Маслиҳаддин, ки мероси гаронбаҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад, ҷалб намуд. Ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд инчунин дастур дода шуд, ки дар асоси лоиҳаи мукаммал таъмиру азнавсозии симои зоҳирии биноҳои баландошёна ва хизматии мавзеъи Панҷшанберо ба роҳ монад ва онҳоро ба талаботи меъмории замонавӣ ҷавобгӯ созад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

Add comment


Security code
Refresh