Натиҷаҳо назаррасанд

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2017 баргузор гардид.

Дар он раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардори шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят Саидамин Исомаддинзода иштирок доштанд.

Дар маҷлис қайд гардид, ки дар соли сипаришуда қисми даромади буҷети давлатӣ дар ноҳия 101,9 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 53 миллиону 28 ҳазор сомонии нақшавӣ, ба буҷет 54 миллиону 14 ҳазор сомонӣ андозу даромади гуногун ворид гардиданд, ки нисбат ба нақша 986 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Соли 2017 дар ноҳия якчанд корхонаи саноатӣ аз ҷумла, ҶДММ “Султони ҳаким” дар бинои маъмурии худ сехи иловагии коркарди ғалларо ташкил намуд. Дар Ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоев корхонаи хиштбарории ҶДММ “КАФС” ба истифода дода шуданд.

Фирӯз БОҚӢ

Add comment


Security code
Refresh