Хуҷанд: Ба буҷет 342,5 млн. сомонӣ ворид шуд

Дар давоми соли 2017 нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳри Хуҷанд (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 102,0 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 342,5 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида (335,8 млн. сомонӣ) 6,7 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 32,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра ба буҷети маҳаллии шаҳр ба ҷои 134,5 млн. сомонии пешбинигардида 136,7 млн. сомонӣ ворид гардид, ки ин аз нақша 2,2 млн. сомонӣ ё 1,6 фоиз зиёд ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 16,1 млн. сомонӣ афзудааст.

Аз нақшаи 11 намуди андозҳо 10 намуд пурраю барзиёд таъмин гардида, 1 намуд (андоз аз даромад) таъмин нагардид, Бояд тазаккур дод, ки нақшаҳои буҷети умумӣ ва маҳаллии шаҳр пурраю барзиёд таъмин гардид ва ҳамзамон бақияи қарзи андоз нисбат ба аввали сол 2,2 млн. сомонӣ, ё 8,7 фоиз кам шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар шароити ташаккулёбии иқтисоди бозоргонӣ ва дар натиҷаи фаъолияти пурмаҳсули ҳамаи соҳаҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ ҳамарўза беҳтар кардани раванди иҷроиши буҷет ва ислоҳоти андоз тақвият меёбад, ки он ба ислоҳоти идоракунии молиявии давлат, шаффофият, самаранокӣ ва иҷрои қатъии қисми даромади буҷет равона мешавад. Татбиқи амалии ин ҳадаф собит менамояд, ки дар шаҳри Хуҷанд баҳри муҳайё намудани зиндагии шоистаи шаҳрвандон аз тамоми имконот ва сарчашмаҳо  истифода бурда мешавад.

М.Юсуфзод

Add comment


Security code
Refresh