Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

Рӯзи 22-уми январ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ санаи 18-уми январ ба миён гузошта шуданд, машварати корӣ баргузор гардид.

Дар машварат муовинони Раиси вилоят, мудирони шуъбаҳои дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳои вилоятӣ, соҳаи бонкдорӣ ва низомӣ ширкат варзиданд. Дар машварати корӣ як масъала - вазифаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои соли равон, дар асоси супоришоти Сарвари давлат дар маҷлиси фаъолони ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раҷаббой Аҳмадзода бо такя ба хулосаҳои маҷлиси фаъолони ҷумҳурӣ таъкид намуд, ки новобаста аз таъсири буҳрони молиявӣ ва омилҳои берунӣ рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли гузашта таъмин гардида, соли 2017 барои мардуми тоҷик соли таърихӣ ба ҳисоб рафт. Зеро бори аввал дар замони соҳибистиқлолии кишвар сокинони ҷумҳурӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон бемаҳдудият бо неруи барқ таъмин гардиданд, ки заминаи мусоидро барои аз кишвари аграрӣ ба индустрию аграрӣ табдил додани ҷумҳурӣ фароҳам хоҳад овард. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат меҳнаткашони мамлакат ба нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ ноил гардиданд. Аз ҷумла, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавии мамлакат ба 61,1 млрд. сомонӣ ва суръати рушд ба 7,1 фоиз расида, маҳсулоти соҳаи саноат 21,3 дарсад ва маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 дарсад боло рафтааст.

Дар машварат доир ба вазъи иҷрои санадҳои назоратӣ мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилоят Умар Мунавварзода гузориш дод. Маълум гардид, ки дар баробари иҷрои сифатноки талаботи санадҳои назоратӣ, инчунин дар баъзе мавридҳо камбудиҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла, дар асоси супоришҳои иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят санаҳои 20-21-уми январ ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳрҳои саноатӣ хуб ба роҳ монда шуда, ҷиҳати назорати раванди яхобмониву шӯршӯӣ ситодҳои маҳаллӣ таъсис дода шудаанд. Аммо маъракаи шудгор на дар ҳамаи навоҳии кишоварзӣ ба таври зарурӣ анҷом дода шудааст.

Роҳбари вилоят низ зимни пурсиши мутасаддиён ба раванди сусти шудгор эрод гирфт. То имрӯз аз 209 ҳазор гектар ҳамагӣ 139 ҳазор гектар ё худ 64 дарсад майдони кишт шудгор шудааст. 30 дарсади заминҳо ҳанӯз аз ғӯзапоя тоза нашудаанд.

Имсол дар вилоят майдони кишти пахтаю картошка 15 ҳазор гектар зиёд карда мешавад. Дар ин замина, ҷиҳати захираи тухмиҳои хушсифат, таъмири саривақтии пойгоҳҳои обкашӣ ва тозакунии каналу заҳбурҳо ва истифодаи оқилонаи заминҳо, пешгирии паҳншавии малах ва коркарди ниҳоии пахта дар коргоҳҳои маҳаллӣ масъулини Раёсати кишоварзӣ ва Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ вазифадор карда шуданд. Илова бар ин, дастур дода шуд, ки нисбат ба хоҷагиҳои деҳқоние, ки ба замин муносибати хунукназарона зоҳир менамоянд, тибқи қонунгузорӣ чораи бозпас гирифтани замин ба фоидаи давлат татбиқ шавад. Соли гузашта 138 гектар чунин заминҳо ба фонди захиравӣ баргардонида шудаанд. Раёсати кишоварзӣ ҳамзамон, ҷиҳати барқарорсозии паркҳои тракторӣ ва тавассути лоиҳаҳои имтиёзнок ворид намудани техникаи муосири кишоварзӣ ба вилоят, ҳамчунин барқарорсозии фермаҳои моли калони шохдор, назорати фаъолияти сардхонаҳо аз рӯи меъёрҳои санитарию стандартӣ уҳдадор карда шуд.

Дар соҳаи саноат низ бо вуҷуди пешравиҳо камбудиҳо ба назар мерасанд. Аз фаъолият бозмондани беш аз 70 корхонаи истеҳсолӣ ва суръати афзоишро таъмин карда натавонистани 169 коргоҳ боиси нигаронии роҳбари вилоят гардидааст. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят ба мутасаддиёни соҳа супориш дод, ки ҷиҳати омӯзиши вазъи корхонаҳои хусусишудаи бекормонда ва барқарорсозии фаъолияти дубораи онҳо тадбир андешанд. Афзун кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва пешгирии воридоти онҳо, аз ҷумла дар самти истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ва макарон низ аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи саноат боқӣ мондаанд. Имрӯз зарурати он пеш омадааст, бахусус пахта, ки ашёи стратегӣ ба ҳисоб меравад, асосан дар шакли коркардшуда содирот карда шавад, на ҳамчун ашёи хом. Аммо содироти он ҳамчун ашёи хом дар соли гузашта 93 дарсадро ташкил дод. Бо дастури роҳбари вилоят бояд дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ корхонаҳои дузандагӣ таъсис дода шуда, бахусус таъминоти либоси мактабӣ, ки вилоят ба 517 ҳазор адад талабот дорад, пурра иҷро карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки воридоти либосҳои пастсифату барои саломатии хонандагон зиёновар пешгирӣ карда шавад. Дар ин маврид, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли либосҳои варзишӣ низ мувофиқи мақсад дониста шуд. Дастур дода шуд, ки дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ташкил карда шавад.

Фаъолияти бонизоми бонкҳо ва дар ин замина мусоидат намудан ба дастгирии соҳибкорон тавассути додани қарз бо фоизҳои дастрас ҳам мавриди таваҷҷуҳи роҳбари вилоят қарор гирифт.

Соли гузашта 396 ҳодисаи таваллуд дар хона ба қайд гирифта шудааст. Ҳарчанд теъдоди таваллуд дар хона нисбат ба соли 2016 - 269 ҳолат кам гардида бошад ҳам, вале ҷой доштани чунин ҳодисаҳо боиси нигаронии роҳбари вилоят гардидааст. Пешгирии бемориҳои сироятии хавфнок, воридоти дорувории пастсифат ва таъмини соҳа бо мутахассисони касбӣ аз мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи тандурустии вилоят ба ҳисоб мераванд, ки дар соли равон бояд ҳалли хешро пайдо созанд.

Раёсати маориф бошад, имсол бояд ҷиҳати ҳалли масъалаҳое чун таъмири мактабҳои садамавӣ ва таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии мақомотҳои иҷроия ва ҷалби соҳибкорон, таъмини маводи хониш, ташкили омӯзишгоҳҳои лабораторӣ, ҳозиршавии мутахассисон ба муассисаҳо баъди хатми донишгоҳ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва назорати либоси ягонаи мактабӣ тадбир андешад. Тибқи таҳлилҳо то имрӯз дар мактабҳои вилоят 196 омӯзгори ғайриихтисос фаъолият дорад, ки нисбат ба соли 2016 - 170 омӯзгор кам аст. Аз ҷониби роҳбари вилоят барои пурра таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибихтисос дастур дода шуд.

Соли равон, дар ҷумҳурӣ “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст, ки ин иқдом масъулияти кормандони соҳаи фарҳангро бештар хоҳад кард. Раёсати фарҳангро зарур аст, ки нисбат ба барқарорсозӣ ва таъмиру таҷдиди 16 боғи фарҳангию фароғатӣ, эҳёи мавзеъҳои фарҳангӣ ва ёдгориҳои таърихӣ, беҳсозии ҳолати китобхонаҳо, тарғиби либосу анъанаҳои миллӣ тавассути васоити ахбори омма, ташкили маводи иттилоотию муаррификунанда барои сайёҳон чора андешад. Вобаста ба соли рушди сайёҳӣ тавсия дода шуд, ки дар шаҳру навоҳие, ки минтақаҳои сайёҳӣ ба шумор мераванд, тарабхонаҳои замонавӣ бунёд гарданд. Дар машварати корӣ ҳамзамон Раёсати кор бо занон ва оила ҷиҳати пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, ки 373 ҳодиса бештар нисбат ба соли 2016 ба қайд гирифта шудааст, шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Шӯрои уламои дин ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва танзими маъракаҳо, Раёсати ҳифзи муҳити зист вобаста ба ҳамкорӣ дар самти тозагии атроф ва гулкорӣ кардани хиёбону гулгашт ва саҳни ташкилоту идораҳо, Раёсати андоз ҷиҳати ҷамъоварии саривақтии андозҳо ва дастгирии соҳибкорон ва Раёсати гумрук барои назорати қатъии воридоту содироти молу маҳсулот вазифадор карда шуданд.

Дар фарҷоми машварат иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини соҳаҳои дахлдор вобаста ба истифодаи захираву имкониятҳои мавҷудаи истеҳсолӣ, ҷалби бештари лоиҳаҳои мустақими сармоягузорӣ ба иқтисодиёти вилоят, афзун намудани майдони содироти маҳсулот, хусусан хушкмева, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои бекормонда, ташкили гармхонаҳои замонавӣ, зиёд намудани майдони кишти пахтаю картошка аз ҳисоби заминҳои гандуму хӯроки чорво, рушди соҳаи паррандапарварӣ, нигаҳдории ҳолати роҳҳои мошингард, бо кор таъмин намудани аҳолии қобилияти коридошта, назорати бозорҳо, бунёди иншооти ҷашнӣ ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh