Дар Панҷакент бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода маҷлиси фаъолони шаҳр баргузор шуд

Рӯзи 25 январ дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода маҷлиси фаъолон баргузор гардид.

Дар маҷлиси фаъолон муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳизи ҳуқуқ, роҳбарияти шаҳр ва фаъолон иштирок намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи шаҳрро таҳлил карда, аз ҷумла изҳор намуд, ки меҳнаткашони шаҳр дар соли гузашта ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Тули се соли охир барои рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 2,8 миллион сомонӣ равона гардида, барои оғоз ва тармиму таҷдиди иншооти гулгашти Лоиқ Шералӣ ва варзишгоҳ 3,9 млн сомонӣ ҷудо шудааст. Соли равон бошад, бо  мақсади идомаи корҳои сохтмонӣ боз беш аз 3,5 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Соли 2017 нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр ба андозаи 120,8 дарсад иҷро гардида, ба он 229,6 млн сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда зиёд мебошад. Новобаста аз ин, барои фаъолияти пурсамсамари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ислоҳи баъзе камбудиҳо мусоидат хоҳад намуд. Масалан, дар ин давра нақшаи андоз аз даромад иҷро нагардида, бақияи қарзи андозҳо агарчӣ 652 ҳазор сомонӣ кам шуда бошад ҳам, ҳанӯз 8 млн. сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми маҳсулоти соҳаи саноати шаҳр соли гузашта ба 1,5 млрд сомонӣ баробар гардида, 312 млн сомонӣ аз соли 2016 зиёд мебошад. Саҳми шаҳри Панҷакент дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии вилоят 14,9 фисадро ташкил медиҳад. Роҳбарияти шаҳрро лозим аст, ки ба таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намояд ва вобастагии иқтисодиёти шаҳрро аз корхонаи муштараки “Зарафшон” коҳиш диҳад. Зеро ҳаҷми асосии истеҳсолот танҳо ба ин корхонаи азим рост меояд. Вобаста ба ин Раҷабой Аҳмадзода роҳбарони як қатор корхонаҳои калони фаъолияташон коҳишёфтаро дар мисоли корхонаи истеҳсоли машрубот, корхонаи консервабарорӣ ва корхонаи истеҳсоли сангҳои ороишии "Мармар " мавриди пурсиш қарор дода, ҷиҳати барқарор намудани иқтидорҳои истеҳсолиашон бо ворид намудани хатҳои замонавии технологӣ ва дарёфти бозор барои содирот уҳдадор намуд.

Барои шаҳри Панҷакент ҳамчун минтақаи сайёҳӣ ташкили коргоҳҳои хурди ҳунарҳои анъанавӣ аз қабили истеҳсоли маҳсулоти қаннодию шираворӣ ва армуғонҳои миллӣ мувофиқи мақсад мебошад. Соли 2017 дар шаҳр 10 коргоҳи нав ба истифода дода шуда, соли равон бошад, ташкили боз 12 корхона ба нақша гирифта шудааст. Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ бори аввал дар  замони Истиқлолияти давлатӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон аҳолии кишвар бо нерӯи барқ бе маҳдуд таъмин гардиданд, ки ин иқдом метавонад ба фаъолияти бонизми корхонаҳо ва рушди соҳаи саноат ва аз кишвари аграрӣ ба мамлакати индустрию аграрӣ табдил додани Тоҷикистон заминаи воқеъӣ гузорад. Бинобар ин, саривақт пардохт намудани ҳақи нерӯи барқ яке аз омилҳои муҳими таъмини бемаҳдуди он ба ҳисоб меравад.

Дар соҳаи кишоварзӣ истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии халқ аз қабили сабзавоту полезӣ ва ангуру шир нисбатан афзоиш ёфта, аммо ҳосилнокии картошка ва ғалладонагиҳо дар соли 2017 коҳиш ёфтааст. Соли равон бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишти картошка бо истифодаи тухмиҳои хушсифат, азҷумла дар Панҷакент зиёд карда мешавад. Роҳбарияти шаҳр ва мутасаддиёни дахлдорро зарур аст, ки ҳамзамон барои ҳалли масъалаҳои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, пардохти саривақтии ҳақи барқи истифодашуда, таъмиру таҷдиди пойгоҳҳои обкашӣ ва дигар иншооти обрасонӣ, вусъати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва таъмини кишоварзон бо об дар  маъракаи яхобмонӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.

Соли гузашта дар шаҳри Панҷакент ба маблағи 53,8 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд. Вобаста ба ин, роҳбарияти шаҳр дастур гирифт, ки бо ҷалби соҳибкорон сохтмони хонаҳои баландошёнаи камхарҷ ва хобгоҳҳои замонавиро ҷиҳати таъмин намудани мардум бо манзили дастрас вусъат бахшад. Таъмиру таҷдиди роҳи нақлиётгарди Айнӣ - Панҷакент ғамхории бузурги Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, ки дар доираи лоиҳаи мазкур ҳамзамон 30 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта таъмир шудаанд. Соли равон бошад, таъмиру азнавсозии 124 километр роҳҳои дохилии шаҳр ба нақша гирифта шудааст.  Фарогирии телевизион, азҷумла телевизони вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент низ беҳбудиро тақозо дорад. Новобаста аз дастоварди назарраси маорифчиёни шаҳр дар озмуну олимпиадаҳо ва бунёди муассисаҳои таълимиву синфҳонаҳои иловагӣ дар назди мактабҳо, дар шаҳр муаммоҳои ин соҳа ҳанӯз ҷой доранд. Аз ҷумла, аз 134 МТМУ 38 адади он ба таъмир эҳтиёҷ дорад.

Соҳаи тандурустии шаҳр метавонад бо ҳалли мушкилоте чун омодасозии  духтурони оилавӣ, пешгирии ҳодисаҳои фавти модару кудак, осеби сокинон аз ҳайвонот, таъминоти дорувории хушсифат, воридоти таҷҳизоти замонавии ташхису табобат ва дуруст ба роҳ мондани муносибат бо беморон сатҳу сифати фаъолияташро беҳтар намояд. Дар рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби сокинони шаҳри Панҷакент барои таъмин намудани беморхонаи марказӣ бо рентгени рақамӣ ва кати беморӣ дархост шуда буд. Барои ҳалли ин мушкил аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо мегардад ва дар муҳлати кутоҳтарин ин масъала ҳалли худро хоҳад ёфт.

Фарҳангиёни шаҳр дар самти таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳа дар ҷамоатҳо, ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои таърихиву мавзеъҳои таърихӣ ва ҳалли мушкилоти техникӣ бояд масъулияти бештар дошта бошанд.

Соли равон барои оғози корҳои иҳотакунии ҳудуди ёдгории таърихии Панҷакенти қадима аз ҳисоби буҷети вилоятӣ дар марҳилаи аввал 200 ҳазор сомонӣ равона карда мешавад. Зиёд намудани шумораи Марказҳои таълимию истеҳсолӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ҷиҳати бо  кор таъмин намудани занону бонувон бо кори даромаднок ва коҳиш бахшидан ба раванди муҳоҷирати меҳнатии занон, таъсиси грантҳои раиси шаҳр дар самти дастгирии ҳунармандон, таъмини иштироки фаъолонаи варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, зиёд намудани шумораи муассисаҳои варзишӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон аз масъалаҳои дигаре мебошанд, ки бояд дар маркази фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дода шаванд. Бо назардошти минтақаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафтани шаҳри Панҷакент, роҳбари вилоят масъулини мақомоти иҷроия ва 13 ширкати сайёҳии шаҳрро тавсия дод, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон тадбир андешанд. Дар ин замина, бунёди тарабхонаҳои замонавӣ, кушодани хатсайрҳои нав ва омодасозии маводи иттилоотию тарғиботӣ барои шаҳр зарур аст.

Дар машварати корӣ роҳбари вилоят ҳамзамон аз роҳбарияти шаҳр тақозо намуд, ки корҳои ободониву созандагиро ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ тақвият бахшад.

Фаъолони шаҳр барои дастгириҳои пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти вилоят изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки минбаъд низ софдилона фаъолият карда, солро бо дастовардҳои шоёни меҳнатӣ ҷамъбаст менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh