Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абиш Холмирзоев

Дирӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абиш Холмирзоевро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, изҳор намуд, ки рост омадани ташрифи онҳо дар рӯзи таҷлил аз Иди Сада фоли нек мебошад.

Таъкид карда шуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидаҳои фарҳанги куҳан ва оину суннатҳои аҷдодии тоҷикон эҳё гардидааст, ки ҷашни Сада аз ҷумлаи онҳост.

Зикр гардид, ки бо ташаббуси роҳбарияти олии мамлакатҳо муносиботи дӯстонаи кишварҳо густариш ёфта, байни ду ҷумҳурии ҳамсоя як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Роҳбари вилоят қайд намуд, ки мубодилаи молу маҳсулот байни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар соли 2017 ба 31,3 млн. доллари ИМА расид, ки ин назар ба соли 2016 наздик 10 миллион доллари ИМА зиёд мебошад. Афзоиши мубодилаи молу маҳсулот худ гувоҳи он аст ки ҳамкориҳои тарафайн сол ба сол густариш меёбанд. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин афзуд, ки ҷониби вилояти Суғд дар оянда низ барои тақвияти ҳамкориҳо бо вилояти Ботканд омода аст.

Намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абиш Холмирзоев ба роҳбарияти вилояти Суғд барои қабули гарму самимӣ изҳори сипос намуд. Абиш Холмирзоев Раҷаббой Аҳмадзодаро ба вазифаи пурмасъули Раиси вилоят таъин гаштанаш табрик намуда, дар корҳои минбаъда муваффақият таманно кард. Таъкид карда шуд, ки мардуми тоҷик қирғиз тули қарнҳо дар фазои дӯстиву рафоқат ва ҳамсоягӣ зиндагонӣ доштанд ва минбаъд низ ин анъанаи неки гузаштагон идома дода мешавад.

Намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абиш Холмирзоев бо ёдоварӣ аз татбиқи чандин созишномаҳои ҳамкорӣ ҳамчунин омодагии худро ҷиҳати густариши равобит баён намуд.

Барои дар оянда низ мустаҳкам намудани ҳамкориҳо, мубодилаи таҷриба  ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи дӯстиву рафоқат иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода пешниҳод намуд, ки бо ҷалби намояндагони ҳар ду ҷониб мунтазам чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкил ва баргузор карда шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби ҳайати меҳмонон бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh