Бобоҷон Faфуров: Маблағи грант афзун мегардад

Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Fафуров соли 2017-ум 15835 тонна ҳосили пахта, 49140 тонна зироатҳои ғалладона, 128008 тонна сабзавот, 5120 тонна картошка,14438 тонна полезӣ, 16948 тонна мева ба даст оварданд, ки ин нишондиҳандаҳо аз нақшаи дурнамо изофа аст.

Аз ҳисоби ба даст овардани ҳосили баланди маҳсулоти кишоварзӣ сатҳи воридот коҳиш ёфта, баръакс, содироти маҳсулот, аз ҷумла помидор ба хориҷи кишвар афзун гардид. Ҳамчунин, давоми солҳои охир содироти масолеҳи бинокорӣ-семент ба ҷумҳуриҳои дигар, аз ҷумла Ҷумҳурии Ўзбекистон бемайлон афзун мегардад. Дар назар аст, ки соли 2018 содироти маҳсулот боз бештар ба роҳ монда шавад.

Ин нуктаҳо дар нишасти матбуотии раиси ноҳия Назирӣ Зариф Вализода бо намояндагони васоити ахбори умум оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли 2017-ум изҳор гардид. Ҳамчунин зикр гардид, ки агар соли 2017 баҳри рушди соҳибкорӣ ва ҳунармандии миллӣ ба маблағи сад ҳазор сомонӣ гранти раиси ноҳия супурда шуда бошад, ин маблағ бо назардошти соли рушди ҳунарҳои миллӣ эълон гардидани соли 2018 зиёда аз 200 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод.

Аз 96 адад корхонаи саноатии ноҳия дар соли сипарӣ 89 ададашон фаъолиятро ба роҳ монда, 61 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзун намуд.

Давоми се соли охир аз ҳудуди шаҳраки навбунёди Сайҳун ба 2179 оилаи эҳтиёҷманди ноҳия қитъаҳои замин ҷудо гардида, бо ҳамин муаммои таъминот бо манзил ба таври назаррас коҳиш ёфт.

Дар нишасти матбуотӣ рўзноманигорон оид ба масъалаҳои мухталиф ба раиси ноҳия суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh