Азми оҳанини роҳи оҳанчиён

Барои иҷро шудани ягон нақша дар тамоми коргоҳ иттиҳоду иттифоқи коллективи кормандон нақши муҳим мебозад. Гузашта аз ин, баҳри бартараф кардани монеаҳо, расидан ба ҳадафҳои дар пешгузошта ва барзиёд иҷро намудани нақшаҳо ҳар як масъул бояд азми оҳанӣ дошта бошад. Ин гуна иттиҳоду ҳамгироӣ ва азми оҳаниро дар коллективи кории минтақаи суғдии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо шумули 22 корхонаи тобеъ метавон дид, ки шоистаи таваҷҷуҳ аст.

Рақамҳо сухан мегўянд…

Аз гуфтаи масъулин бармеояд, ки коллективи меҳнатии минтақаи суғдии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар 12 моҳи соли 2017 ба ҳамаи душвориву камбудиҳои объективию субъективии ҷойдошта ва дигар мушкилиҳо нигоҳ накарда, аксари нақшаю уҳдадорӣ ва вазифаҳоро саривақту босифат иҷро намуда, барои дурнамои соли 2018 омодагии комил дорад.

Тавре ҷонишини сардори Хадамоти боркашонии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар минтақаи Суғд Убайдуллохон Обидов гуфт, дар соли 2017 боркунии вагонҳо дар минтақа 620,5 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 98,3 ҳазор тонна зиёд мебошад.

-Аз ҷумла борфарорӣ дар даври соли 2017 ба минтақаи Суғд 3125,3 ҳазор тонна иҷро карда шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 19,5 ҳазор тонна зиёд мебошад ва иҷроиш 100,6 фоизро ташкил медиҳад,-иброз дошт У.Обидов.

Ҳамзамон, хизматрасонии кашонидани маҳсулоти кишоварзӣ дар соли гузашта 84919 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2016-ум 53378 тонна кам мебошад, ки аз ин меваи хушк – 25393 тонна, пиёз – 52278, сабзавот – 2483 меваҳо – 2620 тонна содир гардидаанд.

Ҳолати камшавии содиротро У.Обидов аз тарафи шахсони хусусӣ ва ширкатҳо ба дигар давлатҳо бо воситаи нақлиёти автомобилӣ ва кам бор кардани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ рабт дод, ки воқеан дуруст аст.

-Чунки соҳибкорон ва ширкатҳо вақте муроҷиат мекунанд, бидуни мамониат ва босифат хизмати онҳоро ба ҷой меорем. Чунончӣ, соли гузашта ҳаво дар оғози баҳор хушку сардттар омад, боиси кам шудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ шудааст, ки нишондиҳандаи содиршуда аз ин сабаб камтар гардид, -мегўяд ҷонишини сардори Хадамот.

Аз ҷумла, гардиши бор 119,3 миллион тонна киллограмм, бекористии вагонҳо таҳти амали боркунӣ 31 соат, гардиши мусофир 3,1 млн. мусофир-километр ва ғайра аз ибтикорҳои назарраси анҷомдодашудаи ин коргоҳ буда, бо вуҷуди ҷой доштани мушкилиҳо роҳбарият ва коллективи корӣ саъй доранд, ки дар соли 2018 бо нишондиҳандаҳои назаррас муваффақ шаванд.

Бахшҳои таконбахши фаъолият

Ногуфта намонад, ки минтақаи суғдии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз бахшҳои зиёде иборат аст, ки баҳри ба амалбарории ҳадафҳои дар пешгузошта мусоидат намуда, дар якҷоягӣ бо ҳамоҳангсозии роҳбарияти коргоҳ дар хизмати халқу Ватан камари ҳиммат бастаанд.

Аз ҷумла, КДФ «Қитъаи Суғдии роҳ», ки мутасаддии истифодаи хатти роҳи оҳан аст, фаъолияти самарабахшро ба роҳ мондааст. Боиси зикр аст, ки дарозии истифодабарии хатти роҳи оҳан 288,51 км, ки аз ин роҳҳои асосӣ - 199,2 км роҳҳои истгоҳӣ - 70,51 км ва роҳҳои фаръӣ - 18,8 километрро ташкил медиҳад.

-Баҳри баланд бардоштани таъмини бехатарии ҳаракати қатораҳо дар соли гузашта вагони роҳсанҷи ПС-72004 мувофиқи ҷадвали кори тасдиқгардида ва дастурамали техникии қитъа санҷиши мунтазами роҳро мегузаронанд,-мегўяд У.Обидов.

КДФ «Фосилоти мухобирот ва алоқаи Суғд» бошад, фаъолияташ аз худкори блоконӣ (АБ) - 109,7 км. нимкори блоконӣ (ПАБ) - 4 км. хатти электроҷезлӣ - 49 км. хатти роҳ бо алоқаи радиовӣ - 159,9 км. ақрабакҳо – 176 адад, чароғакҳои гуногун – 432 адад, хатти алоқаи ҳавоӣ – 116 км. хатти алоқаи кабелӣ – 44 км. дизели генераторҳо – 5 адад иборат аст. Аз суҳбат бармеояд, ки дар соли сипаришуда фосилоти мухобирот ва алоқаи Суғд натиҷаи қаноатбахш нишон додааст. Дар даври корӣ ҳамаи кўшиши коллектив барои иҷро намудани фармонҳо ва амрҳои роҳбарияти Раёсати роҳ, барои таъмин намудани бехатарии ҳаракати қатораҳо равон карда шуда буд, ки имсол низ баҳри беҳбудии корҳои ба дўшаш вогузор шуда, камари ҳиммат бастаанд.

Тавре маълум гардид, дар Пойгоҳи локомотивӣ низ ҳаҷми умумии кашонидани бор 264,90 миллион тонна-километр ва хароҷоти маводи сўзишворӣ 1904,398 тоннаро ташкил додааст. Дар парки тепловозии пойгоҳ 10 тепловози магистралӣ ва 5 тепловози манёврӣ кор карда истодаанд, ки дар маҷмуъ 56 тепловоз мавриди хизматрасонии техникӣ фаро гирифта шуда, баъди ба таври комиссионӣ аз назар гузаронидани сифати иҷрои корҳо ба истифодабарӣ дода шуд.

Тибқи иттиллои роҳбарияти минтақаи суғдии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар КФҶ «Коргоҳи таъмири қатораҳо» ба маблағи 6313479 сомонӣ пешбинӣ шуда, ба маблағи 17901023 сомонӣ иҷро гардид, ки ин 283 фоизро ташкил медиҳад. Дар Пойгоҳи вагонҳои боркаши №1 бошад, дар ин давра 52 тафтиши кори нуқтаҳои таъмири техникӣ гузаронида шуда, аз он 16 тафтиши ногаҳонӣ, 23 – тафтиши нақшавӣ, 13 тафтиши вагонҳои мусофиркаш мебошад. Инчунин, 51 ҳолати осеббинии вагонҳо ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи зарари расонидашуда, ҳамагӣ 24257 сомониро ташкил дод, маблағи зарари расонида ба хазинаи Пойгоҳи вагонҳои боркаши №1 супорида шудааст. Дар маҷмуъ, ба дигар сохторҳои минтақаи суғдии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», аз ҷумла Шабакаҳои барқии минтақаи Суғд, ПЧ, МВРЗ, ТЧ, ШЧ, ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ як қатор дастовардҳои муҳими дигар ба чашм расид, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Ватани азизамон хидмати мондагор доранд.

Ба ҷои хулоса

Зимни суҳбат маълум гардид, ки аз тарафи роҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баҳри иҷрои супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ барои зиёд кардани ҳаҷми боркашонию мусофирбарӣ ва ҷалб намудани шаҳрвандон барои содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ тавассути роҳи оҳан бо тарзи мувофиқа бо роҳи оҳани дигар давлатҳо сабукиҳо дода шудаанд. Оид ба пешниҳоди он дар ҳамаи истгоҳҳои минтақа лавҳаи эълонҳо овехта, бо телевизиону рўзномаҳои маҳаллӣ рекламаҳо паҳн карда шудааст.

Такя ба гуфтаи болоии коллективи меҳнатии минтақаи суғдии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баҳри ба иҷро расонидани дастуру супоришҳои роҳбарияти коргоҳ тамоми саъйи худро дареғ надошта, дар оянда кўшиш менамоянд, ки боз ҳам сатҳу сифати фаъолияташонро аз пештара беҳтару хубтар ба роҳ монанд. Бо дар назардошти баъзе аз нуқсону камбудиҳои ҷойдошта роҳбарият ва кулли коллективии меҳнатӣ ҳадафмандона бо азми оҳанин зина ба зина ва бо мададу ёрии ҳамдигар ба пеш мераванд. Дар ин ҷода ба онҳо барори кору роҳи сафед хоҳонем.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh