Аҳолӣ кай қарзи барқро месупорад?

- Бо сабаби он ки истифодабарандагони неруи барқ маблағи барқи истифодашударо сари вақт пардохт накардаанд, қарзи умумиашон 315,4 миллион сомониро ташкил намудааст. Бештари қарз ба аҳолӣ рост меояд, ки ҳаҷми умумии он 114,8 миллион сомониро дар бар мегирад. Ин қарз аз солҳои пеш ҷамъ шудааст, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори Шабакаҳои барқии вилояти Суғд Тӯра Атамов. 

Ҳамчунин, дар бобати татбиқи лоиҳаи барқарорсозию таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Гулистон маълумот дод.

Лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО Дӯстии халқҳо» бо маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, ҳамчун Бонки инвеститсионии Аврупо амалӣ шуда истодааст.

Асосноккунии техникию иқтисодии ин лоиҳа аз тарафи ширкати мушовир «1С consulenten» аз Австрия иҷро гардида, мувофиқи он таҷдид дар ду марҳала амалӣ мегардад. Дар марҳалаи аввал ивази ду агрегат ба нақша гирифта шудааст. Марҳалаи дуюм бошад, ивази боқимонда чор агрегат ва таҷҳизоти ёрирасонро дарбар мегирад. Маблағи умумии лоиҳа 170 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, имкон медиҳад, ки истеҳсоли неруи барқ дар Неругоҳи барқи обии Қайроққум то 38 фоиз зиёд гардад.

Директори Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд Рустам Пӯлодов қайд кард, ки алҳол 65 ҳазор сокини шаҳри Хуҷанд ба системаи автоматикунонидаи биллингӣ пайваст шудаанд. Гузариш ба ин усул даст дод, ки алҳол аз ҷониби аҳолӣ пардохти истифодаи неруи барқ сад фоиз амалӣ гашта истодааст.

Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба масъалаҳои марбут ба барқ суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh