Ҷиноятҳои коррупсионӣ ошкор гардид

Дирўз дар толори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят сардори Раёсат, полковники адлия Карим Иброҳимзода бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор намуд.

Дар оғоз мавсуф оид ба натиҷаи фаъолият дар соли сипарӣ маълумот дод. Қайд гардид, ки дар натиҷаи тафтишу санҷишҳои гузаронидашуда ба маблағи 51,9 миллион сомонӣ зарари  молиявӣ ошкор гардидааст.

Дар ин давра аз ҳисоби зарарҳои молиявӣ зиёда аз 23,8 миллион сомонӣ барқарор шудаанд. Дар маҷмўъ  соли сипарӣ 485 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта ошкор гардид. Ҳамчунин аз ин шумораи умумии ҷинояти ошкоршуда 175 ҷинояти вазнин мебошад. Маблағи зарар аз рўи онҳо 49,4 миллион сомонӣ буда, то давраи ҷамъбастӣ 35,6 миллион сомонӣ рўёнида шудааст, ки 72 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳудуди вилояти Суғд ҷиноятҳои коррупсионӣ байни кормандони Мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ, соҳаи тандурустӣ,  Вазорати маориф, Вазорати наклиёт ва  Кумитаи андоз ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гаштааст. Тамоюли зиёдшавии ҷиноятҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Бўстон, Спитамен, Ҷаббор Расулов,  Деваштич ва Мастчоҳ ба чашм мерасад.

Сардори Раёсат, полковники адлия Карим Иброҳимзодаафзуд, ки дар самти пешгирии коррупсия дар давраи ҳисоботӣ 274 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба коррупсия ошкор карда, ба  маблағи беш аз 271 ҳазор  сомонӣ ҷарима рўёнида шуд. Инчунин дар ин давра аз тарафи кормандони Раёсат 8 ҳолати хизмати якҷояи хешовандони наздик, ки бар хилофи талаботи моддаи  9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва «Дар бораи хизмати давлатӣ» мебошанд, ошкор ва бо андешидани чораҳои қонунӣ бартараф карда шудааст.

Ҳамчунин мунтазам санҷишу рейдҳо бо мақсади ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии коррупсионӣ, бахусус дар самти ғайримақсаднок истифодабарии воситаҳои нақлиёти хизматӣ ва иншооти давлатӣ аз ҷониби мансабдорон баҳри манфиати шахсӣ гузаронида шуда, дар ин самт 32 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор карда, 32 000 сомонӣ ҷарима рўёнидашуд. 

Дар фарҷом байни рўзноманигорон ва сардори Раёсат суолу ҷавоб доир гашт.

Маъмурахон САМАДОВА
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh