Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари ширкати “Голдсит”-и Ҷумҳурии Туркия Иброҳим Туграл

Рӯзи 21 феврал иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари ширкати “Голдсит”-и Ҷумҳурии Туркия Иброҳим Туграл ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти соҳибкорону сармоягузорон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва соҳибкорони тоҷик бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда бо соҳибкорони мамлакатҳои гуногун, аз ҷумла Ҷумҳурии Туркия ҳамкории хубу самаранок доранд. Дар ин замина аз ҳамкории ассотсиатсияи “Кедр” бо ширкати “Голдсит” ёдоварӣ шуд.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи ҳамкории хуби тарафҳо ассотсиатсияи “Кедр” ба натиҷаҳои хуби истеҳсолӣ ноил гардидааст. Имрӯз ширкати “Кедр” бо истеҳсоли мебел, дару тирезаҳо ва рангҳои гуногун бозори дохилиро таъмин намуда, ба хориҷи кишвар низ маҳсулоти худро содирот намуда истодааст.

Раҷаббой Аҳмадзода илова намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои тавсеи ҳамкориҳо омода аст.

Дар аснои суҳбат соҳибкорони турк аз истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки ширкати “Голдсит” асосан ба истеҳсоли мебелҳо машғул аст ва маҳсулоти ширкат ба як қатор кишварҳои ҷаҳон ба фурӯш бароварда мешавад. Меҳмонон ҳамчунин оид ба тавсеаи ҳамкориҳо бо шарикон ибрози андеша намуда, таъкид намуданд, ки аз густариши робитаҳои тиҷоратӣ ҷонибдорӣ менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh