Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова

Рӯзи 21 феврал иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.

Дар аснои суҳбат Раҷаббой Аҳмадзода аз натиҷаи ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд изҳори қаноатмандӣ намуда, нақши ин ташкилоти молиявиро ҷиҳати амалишавии лоиҳаҳои гуногун назаррас арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки бо дастгирии ин ташкилоти бузурги молиявӣ якчанд лоиҳаҳо дар самти тозакунии хатҳои ташноб, коркарди партов, таъмин намудани сокинон бо оби нӯшокӣ маавриди амал қарор доранд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят ҳамзамон таваҷҷуҳи намояндагони бонкро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти истеҳсолот, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, воридсозии нақлиёти мусофиркашонӣ, татбиқи нақшаҳои судманд дар шаҳраки навбунёди Сайҳун ҷалб намуд.

Роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова бо изҳори сипос аз қабули самимӣ ҷонибдориашро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо баён намуд. Гуфта шуд, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо ташкилотҳои молиявӣ аз қабили Бонки “Эсхата” ва “Имон интернешнл” ҳамкории самаранок дорад.

Зимни мулоқот инчунин доир ба татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Исфара» мубодилаи афкор сурат гирифт. Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи асосӣ аз таҳия ва амалисозии лоиҳа беҳдошти сатҳи идоракунии сохтории партовҳои сахти маишӣ, беҳтар намудани ҳолати санитарии шаҳр ва кам намудани теъдоди бемориҳои сироятии бар асари партовҳои сахти маишӣ зуҳуркунанда маҳсуб меёбад. Маблағи лоиҳа 4 миллион доллари ИМА -ро ташкил медиҳад, ки 2 миллион доллари он ҳамчун грант ва 2 миллион доллари он ба тариқи қарзи имтиёзноки дарозмуҳлат пешниҳод карда хоҳад шуд. 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh