Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии Корхонаи муштараки “Зарафшон”

Рӯзи 23 феврали соли 2018 иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода директори генералии Корхонаи муштараки “Зарафшон” Чан Хо Линро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат масъалаҳои вобаста ба фаъолияти минбаъдаи Корхонаи муштараки “Зарафшон” мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкилу дастгирии корхонаҳои муштарак бо шарикони рушд ҳавасмандии зиёд дошта, таъсиси Корхонаи муштараки “Зарафшон” нишони ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии мардумии Чин мебошад.

Роҳбари вилоят изҳор дошт, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи саноати куҳӣ хеле калон аст ва Корхонаи муштараки “Зарафшон” ширкати пешсафу таҷрибадор  дар соҳаи коркарди маъданҳои куҳӣ ва истеҳсоли тиллою нуқра дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Раҷаббой Аҳмадзода ва директори генералии КМ “Зарафшон” аз дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти идомаи фаъолияти ширкати истеҳсолӣ, ки бо сабаби анҷоми муҳлати иҷозатнома чанд муддат аз фаъолият бозмонда буд, изҳори қаноатмандӣ карданд. Чан Хо Лин барои чунин дастгирӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории раёсат ва кормандони корхонаро баён намуда, уҳдадор шуд, ки минбаъд бо мунтазам роҳандозӣ кардани фаъолияти корхона дар афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти саноатии минтақа саҳми бештар хоҳад гузошт.

Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки соли 2017 “Зарафшон” дар ҳаҷми беш аз 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст ва шумораи коргарон 2100 нафарро ташкил медиҳад. Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти корхона тавсия дод, ки ҳаҷми истеҳсолотро дар соли равон зиёд намуда, онро ба 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ расонад. Раёсати корхона уҳдадор гардид, ки бо фаъол намудани хати дуюми истеҳсолӣ, ҷиҳати афзун намудани шумораи кормандон ва баланд бардоштани музди меҳнат тадбирҳои зарурӣ андешад. Раёсати КМ “Зарафшон” ҳамчунин дар самти бунёди иншооти моҳияти иҷтимоидошта барои шаҳри Панҷакент саҳм хоҳад гузошт. Дар доираи чунин уҳдадориҳо бо маблағгузории корхона дар маркази шаҳри Панҷакент сохтмони кӯдакистони замонавӣ барои 240 ҷой ва бо харҷи 8,5 миллион сомонӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди истфода қарор хоҳад гирифт. Ҳамзамон, таъмири асосии 15 километр роҳ ва бунёди як мактаби муосир барои 640 ҷойи нишаст дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби корхонаи муштарак ба нақша гирифта шудааст.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар поёни суҳбат изҳори умед кард, ки Корхонаи муштараки “Зарафшон” минбаъд фаъолияташро бонизом ба роҳ монда, баробари зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот дар таъмини буҷети маҳаллӣ ва беҳтар сохтани вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақа саҳми бештар хоҳад гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh