Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии Корхонаи муштараки куҳӣ-металлургии Тоҷикистону Чин

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода директори генералии Корхонаи муштараки куҳӣ-металлургии Тоҷикистону Чин Ван Ши Бенро  ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот мубодилаи афкор намуданд. Раҷаббой Аҳмадзода бо таҳлили фаъолияти корхонаи мушатарак ба роҳбарияти он тавсия дод, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд карда шавад. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки масъулини корхона бояд уҳдадориҳои худро ҷиҳати бунёди мактаб, боғчаи кӯдакона ва майдончаҳои варзишӣ, инчунин таъмиру мумфарш намудани роҳи Зарнисор-Мастчоҳро марҳила ба марҳила оғоз намоянд.

Дар навбати худ Ван Ши Бен изҳор намуд, ки корхона уҳдадориҳои худро ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсол, зиёд намудани ҷойи корӣ ва бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ ба иҷро хоҳад расонид. Зикр гардид, ки корхонаҳои ширкат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро то ба 4 миллиард сомонӣ мерасонанд. Дар самти бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ бошад ҷудо намудани 30 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст ва моҳҳои наздик корҳои сохтмонӣ оғоз меёбанд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхона тибқи нақша гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷикро барои омӯхтани нозукиҳои кори истеҳсолот ба Ҷумҳурии мардумии Чин равона менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh