Ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар моҳҳои январ – феврали соли 2018

5 марти соли 2018 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар моҳҳои январ – феврали соли 2018 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовинони Раиси вилояти Суғд, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ширкат варзиданд. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, ба роҳбарону масъулин бобати таҳкими фаъолият дар таъмини рушди иқтисодӣ – иҷтимоии вилоят, вусъати корҳои ободонӣ, бахусус кишоварзӣ ва ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашнҳои бузурги давлатӣ – Рўзи Модар ва Наврўзи байналмилалӣ дастуру супоришҳои амиқ дод.

Сипас, муовини Раиси вилоят Хоҷазода Ориф Ашўрӣ оид ба вазъи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мусоидат намудан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат дар вилоят, бахусус ҷараёни кишти барвақтии картошка, ғалладонагиҳо, истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои замин ва об маълумот дод. Мавсуф таъкид намуд, ки тибқи Амри Раиси вилоят аз 13 январи соли 2018, №5 “Дар бораи таъсис додани Ситоди вилоятӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ, шўршўӣ, омодасозии иншоотҳои обрасонӣ ва тайёрӣ ба кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ барои соли 2018” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ситодҳо ташкил гардида, корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд.

Имрўзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шудгори заминҳо ҷараён дошта, тибқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилоят то 2 марти соли равон 172803 гектар заминҳо шудгор гардидаанд.

Қафомонӣ дар ин самт дар ноҳияҳои Деваштич (55,9 %), Зафаробод (72 %), Панҷакент (77,7 %) ва Шаҳристон (64,2 %) ҷой дорад.

Барои рўёнидани ҳосили соли 2018 тибқи сохтори кишти зироатҳо, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят гузаронидани 222738 гектар кишти зироатҳо дар назар дошта шуда, аз он 160915 гектар дар заминҳои обӣ мебошад. Аз масоҳати умумии қайдшуда, дурнамои кишти баҳорӣ 182975 гектарро дарбар гирифта, аз он ғалладона ва лўбиёгиҳо 55052 гектар, пахта 57000 гектар, зироатҳои равғандеҳ 24850 гектар, картошка 14550 гектар, сабзавот 15900 гектар, полезиҳо 6500 гектар, зироатҳои тухмӣ 16 гектар ва зироатҳои хўроки чорво 21974 гектар мебошанд. Аз ҷумла, ҷараёни захиракунии тухмӣ ва кишти картошкаи барвақтӣ таҳти назорати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад.

Тибқи дурнамои сохтори кишт барои ҳосили соли ҷорӣ гузаронидани кишти картошка дар майдони 14550 гектар пешбинӣ гардидааст, ки дар муқоиса нисбат ба кишти ҳақиқии соли гузашта 6409 гектар зиёд мебошад.

Аз ҷумла, барои рўёнидани картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят гузаронидани 1250 гектар кишти картошкаи барвақтӣ пешбинӣ гашта, то санаи 2 март 485 гектар кишт гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо 38,8 фоизро дарбар мегирад. Баробари ин бояд қайд намуд, ки тибқи хулосаи олимону мутахассисони соҳа муҳлати оптималии кишти картошкаи барвақтӣ дар шароити водигӣ нимаи дуюми моҳи феврал ва даҳрўзаи аввали моҳи март буда, гарчанде ки муҳлат кам монда бошад ҳам, ҷараёни кишт ба талабот ҷавобгў намебошад.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки мувофиқи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилоят ба ҳолати 2 марти соли ҷорӣ мувофиқи вилоят дар майдони 30632 гектар ғалладонагӣ мавҷуд буда, ба майдони 24789 гектар озуқа дода шудааст, ки 80,9 фоизро ташкил медиҳад, ки ба талаботи агротехникӣ ҷавобгў нест.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки соҳаи кишоварзиро бе таъминоти оби полезӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Аз тарафи Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят 398 дастгоҳи пойгоҳҳои обкашӣ барои таъмир намудан ба нақша гирифта шуда, то санаи 28 феврал 379 адади он пурра таъмир гардидааст, ки 95,2 фоизро ташкил медиҳад.

Тоза намудани 589,8 метри мукааб шабакаҳои обёрӣ дар вилоят ба нақша гирифта шуда, иҷрои он ба ҳолати 28 феврал 99,7 фоиз таъмин гардидааст.

Ҳарчанд ки Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят нақшаи тоза намудани шабакаҳои обёриро иҷро намуда бошад ҳам, кор дар саҳро дар ин самт зиёд аст, яъне тоза намудани ҷўйбор ва каналҳои дохили хоҷагӣ ба талабот ҷавобгў нестанд.

Дар ҷаласа аз вазъи имрўзаи гармхона ва сардхонаҳо, фаъолияти Боғи миллии “Ваҳдат” изҳори нигаронӣ карда шуд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, ҳамчунин аз раисони шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Кўҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Айнӣ, Истаравшан, Деваштич, Исфара, Зафаробод, Спитамен, Хуҷанд ва Бобоҷон Ғафуров пурсиш ба амал оварда, бобати вусъати корҳои кишоварзӣ, таъсиси ситодҳои доимоамалкунанда, бунёди боғҳои интенсивӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, тозагии муҳити зист, таъмиру тармими роҳҳо, баргузор намудани ҳашарҳои ободонӣ, хубтар ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон ва дигар масоили мубрам дастуру супоришҳо дод.

Дар ҷаласа иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят ба масъалаҳои саноат, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, пардохти саривақтии андозҳо, пешгирии амалҳои номатлуби ғайриқонунӣ, ҷинояткорӣ ва ғайраҳо дахл намуда, ба мутасаддиёни соҳаҳои мазкур баҳри ислоҳи камбудиҳо дастуру супориш дод.

- Набояд ба бетарафӣ ва бемасъулиятӣ роҳ дод. Имрўз вақти он расидааст, ки баробари ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушду таҳкими иқтисодиётро дар вилоят таъмин намуда, дар пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон ва бобати боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми шоиста гузорем, - таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Ҳамзамон, иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят дар ҷаласа вазифагузорӣ намуд, ки сабабҳои аз фаъолият мондани корхонаҳои саноатӣ омўхта, ҷиҳати фаъолияти пурсамари онҳо тадбирҳо андешида шаванд.

Соли равон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст. Ин иқдом моро водор месозад, ки дар ободию пешрафти кишварамон, сатҳи баланди хизматрасонӣ ва таъмини шароити мусоид барои сайёҳон саъю талош варзем.

Мухтори Абдулло,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh