Бо баҳонаҷўӣ баъзе коргоҳҳо фаъолият намекунанд...

Сабаб дар чист?

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: “Бо дарназардошти тағйирёбии вазъу талаботи бозори ҷаҳонӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ тараққӣ додани соҳаи саноат ва коркарди маҳсулоти он то ҳадди ниҳоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин мебошад». Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар 10 соли охир ба давлати индустриалӣ-аграрӣ табдил дода мешавад.

Дар ин раванд зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарият ва масъулини соҳоти мухталиф, аз ҷумла саноат ҷиҳати ба кор андохтани коргоҳҳои саноатӣ дастуру супоришҳои махсус дода буд.

Бо мақсади воқиф гаштан аз вазъи кунунии соҳаи мазкур ба шаҳри Конибодом сафари хизматӣ доштем. Дар рафти суҳбат бо муовини раиси шаҳр Илҳом Ҳомидӣ аён шуд, ки аз ҷониби саноатчиёни шаҳр корҳои муайян ба иҷро расонида шуда, дар соли 2017 афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 138 фоизро ташкил додааст.

Танҳо дар се соли охир 19 корхонаи саноатӣ сохта, бо таъсиси 368 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд.

Чун бобати коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда пурсон шудем, мавсуф изҳор дошт, ки дар маҷмўъ 14 коргоҳ бо сабабҳои гуногун фаъолият надоранд ва дар самти ба кор даровардани коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда, вусъат додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ пайваста корҳо идома доранд.

Аз ҷумла, коргоҳи коркарди нафти ҶДММ«Шоҳон» давоми се соли охир аз фаъолият монда буд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои байни роҳбарияти шаҳр ва соҳибмулк моҳи сентябри соли 2016 таъмири хатти технологии коргоҳ огоз гардида, моҳи октябри соли гузашта ба фаъолият шурўъ намуд ва дар ду моҳи соли 2017 дар ҳаҷми 1 млн. 912 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард ва дар соли 2018 коркарди 10 ҳазор тонна нафти хом ба нақша гирифта шудааст.

Роҳбарияти шаҳр дар якҷоягӣ бо масъулин ба корхонаҳои ҶС «Ресмон», ҶС «Конибодом», ҶС «Ассор», ҶС «Ассор Перм», ҶС «Конибодом маснуот», ҶДММ «Билол Групп» ташриф оварданд ва бо роҳбарони корхонаҳо вохўрӣ доир намуда, ҷиҳати ба кор даровардани иқтидорҳои бозистода тавсияҳо доданд.

Корхонаи муштараки ҶС «Ассор Перм» коргоҳи борутбарории шаҳри Перми Федератсияи Россия ва ҶС «Ассор»-и шаҳри Конибодом мебошад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ 2000 тонна селлюлозаи пахтагӣ буда, коргоҳ аз соли 2010 инҷониб бо сабаби набудани дархост барои маҳсулоти тайёр ва норасогии воситаҳои гардон фаъолият надорад. Моҳи январи соли гузашта гурўҳи корӣ бо роҳбарии академик Г.Кузминский аз корхонаи борутбарории шаҳри Перм ба ин коргоҳ ташриф оварда, дар якҷоягӣ бо роҳбарияти шаҳр ва масъулини коргоҳ аз ҳолати хати технологӣ ва имкониятҳо огоҳ гардида, барои таъмир ва аз нав ба фаъолият оғоз намудани он шартнома бастанд, аммо масъалаи маблағгузорӣ ба корҳои таъмирӣ то имрўз ҳалли худро наёфтааст.

-Ҳамасола пеш аз оғози коркарди пахта бо роҳбарони коргоҳҳо ва сехҳои истеҳсоли равғани растанӣ, аз ҷумла, ҶС «Ассор», ҶДММ «Зулфиқор» дар назди раиси шаҳр машварати корӣ доир гардида, ба роҳбарони корхонаҳои пахтатозакунӣ тавсия дода мешавад, ки бо мақсади пурра коркард шудани ҳосили пахта дар заводҳои пахтатозакунии ҳудуди шаҳр нархи хариди пахтаи хом аз хоҷагиҳои деҳқонӣ аз нархи миёнаи вилоят набояд кам шавад. Чунин амал ба мо имконият медиҳад, ки суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ барои ғанӣ гардидани шароитҳо мусоидат мекунад, - изҳор дошт И.Ҳомидӣ,-инчунин ба роҳбарони сехҳои истеҳсоли равғани растанӣ пайваста пешниҳоду дастурҳо оид ба захира намудани маблағҳо тариқи гирифтани қарзҳои бонкӣ барои хариди чигити техникӣ ва коркарди минбаъдаи он дода шудааст.

Сехи истеҳсоли равғани растании ҶДММ «Фахид» бо тавсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби ҶДММ «Доган» ба иҷора гирифта шуда, моҳи ноябри соли 2017 ба фаъолият шурўъ намуд.

ҶДММ «Амонбой», ки роҳбарии онро Шариф Холматов ба ўҳда дорад, аз сабаби набудани воситаи гардон ва паст будани сифати маҳсулот фаъолият надорад ва соҳибмулк айни замон берун аз кишвар қарор дорад.

ҶДММ «Новопласти Конибодом», ҶДММ «Акра Плюс», ҶДММ «Мавлон Канд» ва ҶДММ «Шаҳнура» аз феҳрасти ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ бароварда шуда, ҳамчун соҳибкорони инфиродӣ фаъолият доранд.

ҶДММ «Азия Ойл» аз сабаби ба охир расидани муҳлати иҷора фаъолият надорад ва айни ҳол ҶДММ «Нафтрасон» дар алоҳидагӣ фаъолият намуда, аз аввали соли ҷорӣ дар ҳаҷми 11 млн. 648 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Дар соли 2018 аз тарафи коргоҳ коркарди 50 ҳазор тонна нафти хом ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон, дар натиҷаи гуфтушунидҳо бо роҳбарони ҶДММ «Билол Групп» ва ҶС «Конибодоммаснуот» ба нақша гирифта шудааст, ки дар асоси сементи маҳаллӣ истеҳсоли ҳама гуна маҳсулоти бетонӣ аз қабили: плиткаҳо (сафолак) бардур, симбетон (столба) ба роҳ монда шуда, корхонаҳои мазкур ба фаъолият шурўъ менамоянд.

Қайд кардан зарур аст, ки охири соли 2018 роҳбарияти шаҳр нақша доранд, ки 4 коргоҳ - коргоҳи истеҳсоли сементи ҶДММ «Билол Суюлин семент», басти дуввуми коргоҳи коркарди меваи хушки ҶДММ «Меваи Канд», сехи коркарди маҳсулоти ширии «Нури нав-2016» ва сехи пахташонакунии коргоҳи нобиноёнро мавриди истифода қарор диҳанд. Дар сурати ба кор оғоз намудани ин коргоҳҳо беш аз 100 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд гашт.

Бино ба маълумоти масъулин сабаби асосии аз фаъолият бозмондани аксари коргоҳҳо кўҳнаву фарсуда гаштани дастгоҳу таҷҳизот, аз ҷиҳати сифат ба талаботи бозор ҷавобгў набудани маҳсулот маҳсуб ёфта, дар раванди ислоҳи вазъи имрўзаи коргоҳҳо чораҳои зарурӣ меандешанд. То кадом андоза ин масоили мубрам роҳи ҳалли худро меёбад, инро вақт нишон медиҳад!

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh