Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд

Рӯзи 15 марти соли 2018 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, сохтмони иншооти таъиноташон гуногун, рафти корҳои саҳроӣ ва омодагиҳо ба истиқболи Наврӯзи хуҷастапай ба вилояти Суғд ташриф овард.

Зимни сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода нахуст аз шаҳри Панҷакент боздид намуд. Сарвазири мамлакатро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳри Панҷакент сохтмони як қатор иншооти гуногун идома доранд. Дар аснои сафар Сарвазири мамлакат дар хиёбони ба номи устод Рӯдакии шаҳр бо рафти сохтмони муассисаи томактабӣ, ки барои 250 кӯдак пешбинӣ шудааст, шинос гардид. Бинои кӯдакистон аз се ошёна иборат буда, он бо маблағгузории Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» бунёд мегардад. Қоҳир Расулзода пас аз шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастур дод, ки корҳоро бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба итмом расонанд.

Қоҳир Расулзода ҳамзамон бо ҷараёни навсозии варзишгоҳии марказии шаҳри Панҷакент, сохтмони бинои Қасри ҷавонон, гулгашти Лоиқ Шералӣ, хатти барқи 220 киловолтаи “Айнӣ-Панҷакент”, фаъолияти хоҷагии деҳқонии Абӯ Дониёров шинос гардида, аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ низ боздид намуд.

Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат ба шаҳри Истаравшан ташриф оварда, рафти таъмиру тармими пойгоҳи обкашии “Қизилӣ-4” –ро мавриди назар қарор дод. Тавре дар аснои боздид иттилоъ дода шуд, дар мавзеи Сексарӣ зиёда аз 4 ҳазор гектар замини корам мавҷуд буда, бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад.

Сарвазири мамлакат обёрии заминҳои бекорхобидаро ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани сокинон иқдому муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, ҷиҳати ба анҷом расонидани корҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh