Ифтитоҳи меҳмонхонаи “Ситора” дар ноҳияи Зафаробод

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод дар маросими ифтитоҳи меҳмонхонаи наву замонавии “Ситора” иштирок намуд.

Меҳмонхонаи мазкур аз се ошёна иборат буда, дар як вақт имкони қабули 20 нафарро доро мебошад. “Ситора” аз ҷониби соҳибкор Орифҷон Маҳмудов бо харҷи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дорои 8 ҳуҷраи дараҷаҳои олӣ ва миёна, маҷлисгоҳи хурд, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон  мебошад. 

Аснои боздид Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ифтитоҳи меҳмонхонаро дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” муфиду саривақтӣ арзёбӣ кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh