Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаҳои коркарди меваву сабзавот дар шаҳри Хуҷанд

9 апрели соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои коркарди меваву сабзавот аз як қатор корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд боздид намуд.

Зимни боздиди Раиси вилоят аз ҶСК “Хуҷандпакижинг” иттилоъ дода шуд, ки ин корхонаи истеҳсолкунандаи шарбатҳои мевагӣ се сол инҷониб фаъолият надорад. Солҳои пеш дар ин корхона то 100 нафар бо ҷойи кор таъмин буданд ва маҳсулоти истеҳсолии он илова бар бозорҳои дохилӣ ба кишварҳои Қазоқистону Гурҷистон ва Федератсияи Россия низ ба фурӯш бароварда мешуд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дубора фаъол намудани корхонаҳои бозистода ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ба масъулини корхона дастур дод, ки дар фурсатҳои кутоҳтарин иқтидори пешина барқарор карда шавад. Зеро фаъолияти мунтазами корхонаи саноатӣ аз як тараф барои коркарди меваҳои тару тозаи вилоят мусоидат намояд, аз ҷониби дигар даҳҳо нафар соҳиби ҷойи корӣ хоҳанд шуд.

ҶСК “Корхонаи консервабарории Хуҷанд” аз зумраи корхонаҳоест, ки дар гузашта хеле маъруф буд ва дар он то 1000 нафар кор мекарданд. Баъди иваз намудани шакли моликият ва бинобар муфлисшавӣ ин корхонаи азим як муддат аз фаъолият боз монд ва солҳои охир дубора фаъол гардид. Вале иқтидори корхона ҳамоно пурра истифода намешавад.  Имрӯзҳо дар “Корхонаи консервабарории Хуҷанд” ҳамагӣ 20 нафар фаъолият мебаранд ва дар он асосан хамираи помидор истеҳсол мегардад.

Дар суҳбат бо роҳбарияти корхона Раиси вилоят аз дастгириҳои давлатӣ ёдовар шуд ва таъкид намуд, ки барои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат имтиёзҳои зиёд дода шудааст. Бинобар ин, роҳбарияти корхонаро зарур аст, ки барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва то ба 4 миллион қутии шартӣ расонидани иқтидори истеҳсолӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода баранд.

Айни чунин ҳолат дар ҶСК «Лаъл» низ мушоҳида гардид.Корхонаи як замон, на танҳо дар вилояти Суғд ва ҷумҳурӣ, балки дар хориҷа ҳам машҳури “Лаъл” имрӯзҳо дар як ҳолати ногувор қарор дорад.  “Лаъл” ба истеҳсоли зарфҳои шишагин машғул буд ва солҳои охир дар он 170 нафар кор мекарданд. Масъулини ин корхона тасмим гирифтаанд, ки бо насби таҷҳизоти итолёвӣ дубора истеҳсоли маҳсулотро ба роҳ монанд.

Ҳангоми боздид аз ҶСК «Лаъл» Раиси вилоят таъкид кард, ки барқарор намудани фаъолияти корхона ҳамаҷониба манфиатбахш хоҳад буд. Бо насби хатҳои технологии ҷадид “Лаъл” метавонад талаботи корхонаҳои консервабарорӣ бо зарфҳои шишагинро то андозае қонеъ намояд.  Дар назар аст, ки дар корхона зарфҳои шишагини гуногунҳаҷм истеҳсол карда шавад.

Сипас, Раиси вилоят бо фаъолияти ҶДММ “Пешсаф-1” шинос гардида, аз фаъолияти муназзами ин корхона изҳори қаноатмандӣ намуд. ҶДММ “Пешсаф-1” соли 2016 ба фаъолият оғоз кардааст ва дар он 15 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд. Дар корхонаи мазкур дар як шабонарӯз то 2 ҳазор литр шир коркард ва 8 намуди маҳсулоти ширӣ истеҳсол мешавад. Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти ин корхона тавсия дод, ки доираи фаъолиятро васеъ намуда, ба банду баст ва сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда аҳмияти бештар дода шавад.

ҶДММ “Нӯшокиҳои Муҳаббат” аз ҷумлаи дигар корхонаҳоест, ки мавриди таваҷҷуҳи Раиси вилоят қарор гирифт. Ин корхона соли 2017 ифтитоҳ гардидааст ва дар он 16 нафар бо ҷойи корӣ таъминанд. Аснои шиносоӣ Раиси вилоят ба роҳбарияти корхона тавсия дод, ки дар намоишгоҳҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок намуда, маҳсулоти хушсифати худро муаррифӣ намоянд. Зеро меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, махсусан афшураҳо дар хориҷи мамлакат низ харидорони худро дорад.

Дар поёни боздид Раиси вилоят бо фаъолияти соҳибкори инфиродӣ Ҷамшед Сатторов, ки ба истеҳсоли хамираи помидор машғул аст, шинос шуд. Тарзи фаъолияти корхонаи соҳибкор мавсимӣ буда, иқтидори он ба коркарди то 3 тонна помидор дар шабонарӯз баробар аст. Тавре соҳибкор зикр дошт, айни ҳол ба маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо талабот хело зиёд аст.  Аз ин рӯ онҳо тасмим гирифтанд, ки истеҳсолотро дар шаклҳои дигар низ ба роҳ монанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh