Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати коршиносони Оҷонсии байналмилалии энергияи атомиро ба ҳузур пазируфт

Рӯзи 12 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати коршиносони Оҷонсии байналмилалии энергияи атомиро бо роҳбарии ҳамоҳангсози барномаҳои МАГАТЭ дар Тоҷикистон хонум Сандра Стейс ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Раиси вилоят меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо намудааст. Дар ин росто дар баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи тандурустӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, иншооти гуногуни соҳа ба таъмиру таҷдид фаро гирифта шудааст.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд даҳҳо иншооти соҳаи тандурустӣ таъмиру навсозӣ гардидааст, ки бинои шуъбаи табобати нурии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд аз қабили онҳост. Бинои мазкур соли 2014 бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд гардида, ба ин шуъба аз ҷониби ташкилоти байналмилалии МАГАТЭ дастгоҳи нурафкании “ТЕРАБАЛТ” дастрас гардида буд.

Ҳайати меҳмонон барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуда, таъкид намуданд, ки ташкилоти МАГАТЭ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории самаранок дорад ва тули фаъолияташ дар Тоҷикистон барои амалишавии 14 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллион евро мусоидат намудааст. Аз ҷумла барои Маркази саратоншиносии  вилояти Суғд лоиҳаҳо ба маблағи 800 ҳазор евро амалӣ гардидааст.

Ба таъкиди ҳайати меҳмонон аз 1-уми январи соли ҷорӣ боз як лоиҳаи нав ба мабалағи 1 миллиону 600 ҳазор евро таҳия гардид, ки дар доираи он дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ва бозомӯзии мутахассисон ба нақша гирифта шудааст.  Дар ин самт бо назардошти  ворид намудани дастгоҳи томографии компютерӣ мувофиқи мақсад дониста шуд, ки дар Маркази саратоншиносии вилоят аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бинои иловагӣ бо 40 кати хоб сохта шавад.

Раиси вилоят изҳор дошт, ки дар муҳлатҳои наздиктарин ҷиҳати сохтмони бинои иловагӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh