Густариши робитаҳои Тоҷикистону Қазоқистон

Дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон рӯзҳои 14-15 марти соли равон як қатор санадҳои дуҷониба ба имзо расиданд. Аз ҷумла, дар санади ба тозагӣ ба тасвиб расида нуктаи муҳиме барои муҳоҷирони меҳнатӣ ишора шудааст, ки будубоши шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистонро дар қаламрави якдигар хеле саҳлу осонтар мекунад. 

Бояд ёдовар шуд, ки дар асоси Созишномаи қаблии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон будубоши шаҳрвандони ҳарду ҷониб аз рӯзи убури сарҳад 30 шабонарӯз муқаррар гардида буд.

Ҷиҳати осонтар намудани кори муҳоҷирон ва талаботи замон равуои сокинони ду кишвар ҳайати комиссияи ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки ҳангоми ворид гардидан ба қаламрави якдигар будубоши шаҳрвандон то 90 шабонарӯзи тақвимӣ муайян карда шавад, ки яке аз нуктаҳои калидии Созишномаи ҷадид мебошад.

Ин банди муқаррароти Созишнома ба шаҳрвандони ҳарду ҷониб, бахусус шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон барои расмӣ кардани будубошашон шароити мусоидтар фароҳам меорад. Чунки дар гузашта муҳлати бақайдгузорӣ барои шаҳрвандони кишвари мо 5 рӯз ва муҳлати будубош 1 моҳ муқаррар гардида буд. Дар ин муддати кӯтоҳ аксари шаҳрвандони мо аз сабаби надонистани қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон ва ё рост омадани сафари онҳо ба рӯзҳои истироҳатӣ ва дигар монеаҳои объективию субъективӣ имкони бақайдгузории дар ҷои иқоматро надоштанд.

Яъне, ҳанӯз фурсат пайдо накарда, муҳлати 5-рӯза ба охир мерасид. Маҳз, ин нукта буд, ки дар аксар ҳолат шаҳрвандони Тоҷикистонро барои вайрон намудани қонунгузории ин давлат ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ҳатто аз марзи Қазоқистон ба тариқи маъмурӣ берун мекарданд.

Ҳамчунин, тибқи Созишномаи мазкур шаҳрвандони мо дар бобати бақайдгузорӣ муддати 30 рӯз озод буда, будубошашон то 90 рӯз аст. Дар сурати ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудан онҳо метавонанд бо гирифтани иҷозати кор муҳлати истодашонро то ба як сол тамдид намоянд.

Ҳамчунин, мувофиқи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мақомоти ваколатдори ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи таҷрибаи пешрафта дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мубодилаи маълумотҳо оид ба талаботи бозори меҳнати якдигар ба қувваҳои корӣ, омода ва сафарбарсозии муташаккилонаи шаҳрвандони тарафҳо ҷиҳати бо кор таъмин намудан ва татбиқи дигар лоиҳаҳои муштараки соҳавӣ ҳамкориро ба роҳ мемонанд.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз кишварҳоест, ки муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар он кору фаъолият доранд. Тибқи маълумотҳои расида, дар қаламрави Қазоқистон имрӯзҳо ҳудуди 13 ҳазор нафар муҳоҷир будубош доранд. Зимнан, аз ҳисоби он, ки дар ин кишвар тоҷикони кишварҳои ӯзбекистону Қирғизистон низ ба сифати муҳоҷири меҳнатӣ қарор доранд, 8 нуқтаи диаспораи тоҷикон амал мекунад.

 Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh