Ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2018

18 апрели соли 2018 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи фаъолон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиивилоят дар семоҳаи аввали соли 2018 доир шуд.

Дар кори ҷаласа муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ҳифзи ҳуқуқ, раисону шаҳру навоҳӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ иштирок доштанд.

Ҷаласаи фаъолонро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сухании ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Муовини Раиси вилоят Хоҷазода Ориф Ашурӣ “Оид ба  ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2018" маърӯза намуд.

Мавсуф зикр дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баён намудаашон силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуд.

Дар семоҳаи аввали соли 2018 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ)  ба андозаи 107,8  фоиз таъмин гардида, ба буҷет 475,7 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 34,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 79,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ - марти соли 2018 500,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки баробари 110,2 фоизи ҳамин давраи соли  2017 мебошад.

Ҳаҷми воридот 364,6 млн. доллари ИМА - ро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ  31,9 млн. доллар зиёд шуда бошад ҳам, ҳиссаи он дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ сол аз сол коҳиш ёфта истодааст.Агар дар семоҳаи аввали соли 2017 ҳиссаи воридот 73,2 фоизи ҳаҷми савдои хориҷиро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 72,8 фоиз баробар шудааст, ки бозгӯи татбиқи босамари Барномаҳои давлатӣ дар самти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот мебошад.

Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 136,2 млн. доллариИМА – ро ташкил намуд, ки нисбати ҳамин давраи солисипаришуда 14,4 млн. доллар ё 11,8 фоиз зиёд мебошад.

Тибқи «Барномаи давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2015-2017» дар ҳамаи самтҳо ба ҳолати 1 январи соли 2018 дар вилоят 24 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амал карда истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда дар доираи онҳо 308,28 млн. доллари ИМА-ро ташкил мекунад.

Муовини Раиси вилоят дар суханронии худ аз натиҷаҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҳарф зада, баробари дастовардҳо аз камбудиҳои ҷойдошта таъкид дошт.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ва ба роҳ мондани фаъолияти муташаккилона ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 439 млн. 14,5 ҳазор сомониро ташкил дода, афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 105,8 фоиз баробар гардид.

Дар се моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 2 млрд. 298,1 млн.сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш 108,1 фоиз таъмин гардид.

Тибқи нақша соли 2018 ба истифода додани 88 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 1613 ҷойҳои нави корӣ дар назар дошта шудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми се моҳи соли 2018 дар миқёси вилоят 24  корхонаву коргоҳҳои нав бо 335 ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин бобати ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла истифодаи пурсамари замин, дастгирии соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти рақобатпазир, содироти ҳарчӣ бештари маҳсулот, роҳандозӣ намудани фаъолияти коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда, дастгирии ятимону ашхоси ниёзманд дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Раиси вилоят зикр дошт, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ва соҳибкорону ҷомеаҳои меҳнатӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои дўзандагӣ ва корхонаҳои коркарди шир тадбирҳои судманд андешида шавад.

Боиси зикр аст, ки соли 2018 бунёди 7 корхонаву коргоҳҳои коркарди шир ба нақша гирифта шуда, дар ин замина 55 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад. Аз ҷумла, таъсиси корхонаҳои коркарди шир дар шаҳрҳои Истиқлол, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Хуҷанд, ноҳияҳои Деваштич ва Ҷаббор Расулов ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, соли 2018 дар вилоят бунёди 22 коргоҳи нави дўзандагӣ бо 284 ҷойи корӣ пешбинӣ гардидааст. Бояд қайд кард, ки давоми 3 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 11 корхонаву коргоҳи нави дўзандагӣ бо 184 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда,  дар ин давра ба маблағи умумии 59,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 29,5 млн. сомонӣ ё 2 маротиба зиёд аст.

- Дар доираи эълон гардидани “Соли 2018 - соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Пешвои миллат ба намояндагони аҳли ҳунар як қатор имтиёзҳо дода шудааст. Аз ҷумла, зиёда аз 105 намуди ҳунарҳои мардумӣ, ки истеҳсолоти онҳо дар хона ба роҳ монда шудааст, аз андоз озод карда шуданд, ки бояд ба рушди соҳа мусоидат намояд - таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилоят аз раисони шаҳру навоҳии Зафаробод, Конибодом ва Ашт пурсиш ба амал оварда, бобати ислоҳи камбудиву норасоиҳо дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла истифодаи пурсамари заминҳои обӣ ва чарогоҳ, таъмини нақшаи андоз, бунёди муассисаҳои хусусӣ дар соҳаи маориф, солимгардонии ҷомеа, таъмири муассисаҳои фарҳангӣ, таъмин бо китобҳои дарсӣ, вусъати корҳои ободонӣ супоришҳои қатъӣ дод.

Ҳамзамон, раисони шаҳрҳои Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон, Гулистон вазифадор шуданд, ки ҷиҳати ба кор даровардани  корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳаи саноат тадбирҳои мушаххас андешанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар фарҷом зикр намуд, ки таҳти сарварӣ ва дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар вилоят густариши тоза пайдо намуд ва дар ин замина рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh