Дар Самарқанд бо иштироки доираҳои тиҷоратии Суғду Самарқанд Бизнес – форум баргузор шуд

Рӯзи 21 апрел дар меҳмонхонаи “Регистон плаза” – и шаҳри Самарқанд бо иштироки доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғду Самарқанд Бизнес – форум баргузор шуд.

Дар маросими ифтитоҳи Бизнес – форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки мақсади асосӣ аз ташкили Бизнес – форум густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва афзун намудани табодули молу маҳсулот миёни ҷонибҳо маҳсуб меёбад.

Дар рафти Бизнес – форум ба иштирокчиён дар бораи имкониятҳои иқтисодии ҳар ду тараф, маҳсулоти истеҳсолшаванда ва имтиёзҳои мавҷуда ҷиҳати мубодилаи маҳсулот маълумот дода шуд.

Дар макони баргузории чорабинӣ маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ва намунаҳои ҳунарҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуда, имкониятҳои иқтисодиву кишоварзии вилоят муаррифӣ карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh