Намояндагони вилояти Суғд бо фаъолияти гармхонаи “Паст Дарғом саховати” ва корхонаи “СамАвто” –и вилояти Самарқанд шинос шуданд

Рӯзи 21 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев ба ноҳияи Паст Дарғом ташриф оварда, бо фаъолияти гармхонаи “Паст Дарғом саховати” шинос шуд.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар гармхонаи мазкур бо усули гидропоникӣ помидор истеҳсол ва асосан ба хориҷа содирот карда мешавад.

Тасмим гирифта шуд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти гармхонаи “Паст Дарғом саховати” дар вилояти Суғд чунин гармхонаҳо ташкил карда шавад.

Сипас, Раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳонаш аз корхонаи “СамАвто” дидан карда, бо ҷараёни истеҳсоли автобус ва автомашинаҳои боркаш шинос шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh