Иқтисодиёт бо саноат пойдор аст!

Дар шароити ҳассоси замони муосир ҳадафи асосии давлату Ҳукумат пеш аз ҳама таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Дар ин раванд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят як қатор тадбирҳоро тарҳрезӣ ва татбиқ намуда истодааст. Тибқи иттилои мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода дар давоми се моҳи соли равон новобаста аз таъсири омилҳои гуногун корхонаҳои саноатии вилоят мутобиқ ба шароити нави иқтисодиёти бозорӣ ва пайдошавии рақобати озод дар бозорҳо дар ҷанбаҳои мухталиф босамар фаъолият бурдаанд.

Дар натиҷа 24 корхонаи калону миёнаи саноатии навтаъсис рӯи кор омад, ки анқариб 340 нафар бо ҷойи нави корӣ таъмин гаштанд. Мавриди зикр аст, ки ин корхонаҳо асосан самти корро ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, сохтмонӣ, истихроҷи ангишт, оҳаксанг, оҳан, коркарди маҳсулоти хӯрока ва банду басти меваи хушк равона сохта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат менамоянд.

- Омӯзишу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар корхонаву коргоҳҳои навтаъсис самтҳои раванди истеҳсолот бо техникаву технологияи муосир муҷаҳҳазанд. Дар маҷмӯъ, тибқи нақша то охири соли равон 88 коргоҳ дар шаҳру навоҳии вилоят мавриди истифода қарор дода мешавад, - қайд намуд Озифхон Шарифзода.

Яке аз дастовардҳои соҳибкорону саноатчиёни вилоят ин расидан ба худтаъминкунӣ ва ба роҳ мондани таъминоти мактаббачагони вилоят ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо сарулибоси мактабӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади ҷалби бонувони бешуғл ба ҳунаромӯзӣ ва ба ин васила беҳтар кардани шароити иқтисодии сокинон дар шаҳру ноҳияҳо давоми солҳои 2014-2017 дар маҷмӯъ 57 корхонаву коргоҳи нави дӯзандагӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар ин раванд имсол низ мавриди истифода қарор ёфтани қариб 10 коргоҳи дӯзандагӣ дар назар аст.

Аз аввали сол наздик ба 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 1 миллиону 564 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Воқеан, саноатчиёни вилоят тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба нишондиҳандаҳои басо муҳим ноил гардида, баҳри беҳбудии иқтисодиёт саҳми назаррас гузоштаанд. Аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода низ имрӯзҳо дар раванди таъсиси коргоҳҳои нав, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, алалхусус ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати фаъолият бахшидан ба иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатноку воридотивазкунанда ва ба ин васила таъмини саноатикунонии иқтисодиёти мамлакат қадамҳои ҷиддӣ гузошта мешаванд.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh