Марзи тиҷорату сайёҳӣ

Офтобшаҳри Исфара аз қадимулайём маркази тамаддун буда, мардуми ҳунарвараш тӯли қарнҳо аз нозукиҳои касби рассомиву кандакорӣ, наҷҷориву оҳангарӣ, мисгариву чармгарӣ ва дигар ҳунарҳо огоҳии хуб дошта, молу маҳсулоташро ба беруни кишвар содирот менамуд. Ҳанӯз айёми шӯравӣ Исфармарз ҳамчун шаҳри сайёҳӣ маъруфу машҳур буд.

Тибқи санадҳои таърихӣ пеш аз Инқилоби Октябр низ сокинони ин марзи бостон зардолуву мавиз, мағзу чормағз ва дигар дастранҷашонро то паҳнои Русияву кишварҳои Назди Балтик бурда мефурӯхтаанд.

Исфара дар сафҳаи таърих

Маҳз, ҳунарварии мардум муҷиб шуда, ки то ба имрӯз осори таърихии гаронбаҳо дар шаҳр ва дигар деҳоти он ба хубӣ ҳифз шудааст. Нигораҳову мақбараҳо, кӯҳпайкараҳову табиати диловезу афсунбори ин шаҳр борҳо таваҷҷуҳи нависандагони хориҷи кишварро ба худ кашида, бобати ин марзи ҳосилхезу шоирхез, ҳунарвару фарҳангпарвар китобу осори зиёд ба интишор расидааст.

Боиси хушҳолист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равонро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кардаанд. Аз ин рӯ, айни муддаост, ки аз имкониятҳои сайёҳии ин шаҳри воқеан бостонӣ бори дигар гӯем.

Исфара яке аз шаҳрҳои ободу зебо буда, дар ҳавзаи қаторкӯҳҳои рангоранги Туркистон, дар хамии Лаккон (Лаълкон) ва поёни пиряхҳои Карафшину Зарафшон (аз сатҳи баҳр 800 метр баланд) ҷойгир аст. Аз байни шаҳр дарёи шӯху пуртуғёни Исфара ҷорист.

Шаҳр таърихи бою рангин дошта, аз қадимтаринҳо ба ҳисоб меравад. Аз давраи бостон дар мавриди номгӯи гуногуни Асбара, Аспраҳа, Истпарӣ, Истфаро, Испара ривоятҳо мавҷуданд. Номи шаҳр нахустин маротиба дар «Таърихи Табарӣ» дар асри Х зикр шудааст. Дар бораи Исфара дар китоби академик Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» иттилооти кофие ҳаст. Баъзе бозёфтҳои ҳафриётии бозмонда аз гузаштаи дуру наздики шаҳр дар осорхонаи Исфара–ӯрдаи таърихӣ маҳфузанд.

«Зумрад»: Аз раҳоварди сафар

Аз нақли собиқадори матбуот, капитан Файзулло Атохоҷаев, ки хидматро дар шаҳри Улан-Удэи сарзамини Бурятистон адо кардааст:

-Моҳи июни соли 1973 хидмати ҳарбӣ ба охир расид. Мо–панҷ нафар ҳамхизматон аз вилояти Ленинобод (алъон Суғд) дар як вақт чиптаи қатора доштем. Азбаски роҳи қатора мушкил буд, хостем тариқи тайёра баргардем. Вақте чиптаамонро иваз кардем, дидем, ки то лаҳзаи парвоз фурсат ҳаст. Аз ин хотир тасмим гирифтем, ки ба бозори марказии шаҳри Улан-Удэ равем.

Ангораи бозор ба назар мисли Панҷшанбебозори Хуҷанд менамуд. Дар ошёнаи дуввум ногоҳ диққати моро тақрибан 8-10 нафар мардони тоқипӯш ба худ кашид. Ростӣ, тӯли ду сол хеле Ватанро пазмон шуда будам. Бо ҳамроҳонам ба наздашон рафта, таваккал бо забони тоҷикӣ салом додем. Онҳо бо чеҳраи кушод ҷавоби салом гуфтанд. Ин мардони тоқипӯш ба савдои зардолу, мағзу мавиз ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ машғул буданд. Хусусан, зардолуқоқи мисли лола суп-сурх хоҳу нохоҳ диққати ҳар харидорро ҷалб мекард. Растае, ки онҳо савдо мекарданд, аз растаҳои дигар зебою дилработар буд.

Онҳо фаҳмиданд, ки мо тоҷикем, бо оғӯш ва ҳарфҳои самимӣ истиқболамон карданд. Ҳамин гӯшаяки бозор бо ҳамзабонон ва маҳсулоти дар раста зебо чидашуда ба чашмонамон мисли Ватан намудор шуду ба димоғи мо гӯё шамими Тоҷикистонро армуғон оварда буд. Аз чашмони мо ашки шодӣ мерехт. Фаҳмидем, ки онҳо аз деҳаи Ворухи Исфара будаанд. Ба ҳар яки мо бо меҳрубонӣ аз ҳама намуди маҳсулот ба сифати ҳадя пешкаш карданд.

Суҳбати самимонаи моро як марди нуронии рус, ки сари синаашро ордену медалҳои ҷангӣ оро медод, бодиққат наззора мекард ва пурсид, ки мо аз куҷоем. Вақте аз забони мо номҳои ҷуғрофии Тоҷикистон, хусусан Исфараро фаҳмид, якбора чашмонаш калон кушода шуд. Маълум шуд, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, аз рӯи имтиёз ҳар сол дар яке аз истироҳатгоҳҳои қаламрави шӯравӣ истироҳат мекардааст.

-Исфара! Айнан дар ҳамин шаҳр будам. «Зумрад» ном ҷое ҳаст дар он ҷо. Ман тасвири биҳиштро аз бибии рӯҳониам дар кӯдакӣ шунида будам, аммо онро бо чашмони худам дар Исфара дидам. Шумо мардуми хеле дилнавозу меҳмондӯстед, ягон нуқтаи шӯравиро ба Исфара иваз намекунам,-гуфт марди ҷанговар.

Ин посухаш моро гӯё аз по афтонид. То ҳадде шефтаи Исфара будааст, ки тақрибан ним соат дар васфи «Зумрад» бо ҳаяҷон нақл кард…

Аз хотироти Атохоҷаев ба ду нуқта метавон диққат дод: нахуст, тоқии тоҷикона ва ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта ба тиҷорат шуғл доштани ин марз. Одатан, шаҳрҳои тиҷоратӣ мероси гаронбаҳо доранд. Исфара низ бо осорҳои таърихиаш ҳанӯз диққати сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад. Табиати нотакрорашро марди ҷанговар ба тамоми шӯравӣ иваз намекунам гуфтанаш, ҳамин кофист.

Биҳишти гулсиришт

Пайкараҳои зебои қаторкӯҳаш дар замони шӯравӣ диққати синамогаронро ба худ кашида буд. Аз ин ҷост, ки аксари филмҳои бардошташуда манзара ва кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Исфараро доранд. Ҳар як шахбаданаи кӯҳ, бахусус, дар деҳаи Ворух бинандаро моту мабҳут месозад. Тавре ба назар мерасад, ки рассоме рӯи коғаз тамоми маҳораташро дар ҷилои рангҳо рехтааст.

Деҳаи Ворух бо кӯҳҳои осмонбӯсу табиати нотакрор минтақаи дурдасттарини паҳнои Исфара буда, мавзеъҳои Чорсангбобо, Чилмуғон, Беди Каҷ, Пули Офтобрӯй ва Кех дар доманакӯҳи ғарқи гул қарор доранд. Ёдгориҳои таърихии зиёратгоҳи Мавлоно Саид, Масҷиди Сурх ба сифати осори гаронарзиши таърихӣ шинохта мешаванд. Заминҳои Ворух аз шохобҳои дарёи Исфара – Кишамбиш ва Каравшин обёрӣ мешаванд, ки саргаҳи об мафтункунандатар аз ҳама манзара мебошад.

Катибаи Ворух - як варақсанги таърихии дигар аст, ки то ба ҳол диққати олимону муаррихони сатҳи ҷаҳонро ба худ мекашад. Он андак хиратоб бошад ҳам, хеле арзиши таърихӣ дошта, ба хубӣ ҳифз шудааст ва ёдгории хаттии замони ҳукмронии сулолаи Қарохониён буда, ба соли 1041 нисбат дода мешавад. Байни деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Ворух ду катибаи арабизабони рӯйи харсанг ёфт шуд, ки онҳоро муҳаққиқон В.В.Бартолд ва М.С.Андреев соли 1896, Л. Половсев соли 1904, К.А.Инострансев соли 1925 ва Б.А. Литвинский соли 1956 тадқиқ кардаанд. Дар катиба номи намояндаи сулолаи қарохонӣ Муиззуддавла Арслонтегин Абулфазли Аббос зикр ёфтааст. Катиба доир ба таърихи ҳукмронии сулолаи Қарохониён дар Мовароуннаҳр манбаи муҳим ба шумор меравад.

Чордевори таърих ва манзараи беназир

Чоркӯҳ деҳаи калонтарин ва сераҳолитарин дар шаҳри Исфара ба ҳисоб меравад, ки чор атрофаш мисли ҳисор бо кӯҳ иҳота шудааст. Номи ҷуғрофии Чоркӯҳ дар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, дар бахши «Таърихи қадимтарин» ёдовар шуда, Хоҷағор, ки ба замони ҷамоати ибтидоӣ мансуб ва бо тадқиқи комил ба қалам дода шудааст, аввалин сарчашмаи пайдоиши деҳа мебошад.

Доктори илм, профессор Сергей Хмелнитский дар асараш «Чорку» (Чоркӯҳ), ки дар Берлин соли 2002 ба табъ расидааст, маълумотҳои иловагӣ доир ба осорҳои қадимаи ин деҳа овардааст.

Китоб аз 14 боб иборат буда, ба тавсифи меъморишиносии ёдгории таърихию меъморӣ - мақбараи Ҳазрати Шоҳи Чоркӯҳ, ки мансуб ба асрҳои IХ-ХI мебошад, бахшида шудааст. Ҳамчунин, дар асар асноди фаровоне аз боби мақбараҳои Хоҷаи Рӯшноӣ-мансуб ба асри Х-ХII, Қалъачаи Мазор, Хоҷа Булҳақ - асрҳои Х-ХII ба чашм мерасанд.

Муаллиф санъати нотакрор, хусусиятҳои ба худ хоси гулкорӣ, тасвирҳои ҷонварнусха ва фалсафаи меъмории бунёдгарони қадимии тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, ба матни арабии бо имлои кӯфӣ сабтёфта равшанӣ андохтааст. “ Ҳеҷ як ёдгории меъмории мансуб ба асрҳои Х-ХII мисли мақбараи чӯбини Ҳазрати Шоҳ нақшу нигори олӣ надорад”, – гуфтааст Хмелнитский дар китобаш.

Мақбараи мазкур яке аз шоҳкориест, ки дар асоси он аз боби инкишофу такомули ҳунари бунёди ибодатхона дар Осиёи Миёна, маҳорати гулкорӣ дар чӯб ва таъсири он ба намудҳои дигари касбу ҳунар огаҳӣ пайдо хоҳем кард.

Табиати афсункори деҳа низ хеле маҷзубу марғуб аст. Хусусан, иди «Сайри гули лола», ки таърихан аз оғоз то ба имрӯз маҳз, дар Лангари Моҳиён гузаронида мешавад, ҳар як меҳмонро мутаассир месозад. Ҳавзи пур аз моҳӣ, ки тамошояш шифобахш аст, ба касалиҳои зардпарвин доруест бемисл ва борҳо аз ҷониби муҳаққиқон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh