Дар ноҳияи Деваштич бо иштироки Раиси вилоят маҷлиси фаъолон баргузор шуд

Рӯзи 26 апрел дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маҷлиси фаъолон баргузор шуд.

Дар рафти маҷлиси фаъолон иттилоъ дода шуд, ки дар семоҳаи аввали соли равон нақшаи воридоти андозҳо ба андозаи 104,6 дарсад иҷро гардида, аз номгӯи умумии андозҳо нақшаи се намуди он иҷро нагардидааст.

Бо таҳлили вазъи соҳаҳои гуногун Раиси вилоят аз коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия изҳори нигаронӣ намуд. Таъкид гардид, ки дар ноҳия номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол ва навъҳои гуногуни чорво парвариш карда мешавад. Бо истифода аз имконоти мавҷуда ва ташкили корхонаҳои коркарди ширу гӯшт, пӯст, консервабарорӣ метавон рушди соҳаи саноати ноҳияро таъмин намуд. Аммо тавре таҳлилҳо нишон медиҳад, дар ин самт ҳанӯз коре ба сомон расонида нашудааст. Раиси вилоят масъулини ноҳия ва вилоятро вазифадор намуд, ки бо омӯзиши мушаххаси соҳаи саноат ҷиҳати рушди он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия ба маблағи наздик 28 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст. Соли равон нақшаи кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ноҳия беш аз 28 ҳазор гектар муқаррар гардида, нисбати соли гузашта кишти картошка ва полезиҳо зиёд гардидааст. Бо мақсади истифодаи самараноки обу замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, ҳарчи бештар ба шуғл ҷалб намудани аҳолӣ ва фароҳамсозии шароити мусоиди зиндагӣ ба онҳо дар ноҳия татбиқи лоиҳаи хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой идома дорад, ки бо татбиқи пурраи лоиҳа ҳазорҳо гектар замин обёрӣ мешавад.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи кишоварзии ноҳия Раиси вилоят нисбат ба фаъолияти сусти гармхонаҳо эрод гирифта, барои ислоҳи камбудиҳо супоришҳои қатъӣ дод.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон масъулинро ҷиҳати исифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли гӯшту шир, барқарор намудани фермаҳои чорвопарварӣ, таъмири муассисаҳои таълимӣ вазифадор намуд.

Зикр гардид, ки дар доираи “1300 рӯзи меҳнати зарбдор”, ки ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст, дар ноҳия бунёду барқарорсозии таваллудхонаи ноҳиявӣ, қасри фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ ва навсозии роҳҳо идома дорад, ки барои анҷоми корҳо аз буҷети вилоятӣ маблағҳои зарурӣ равона карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh