Иштироки Раиси вилоят дар ҷаласаи фаъолони шаҳри Конибодом

Рӯзи шанбеи 28 апрел бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодадар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ҷаласаи фаъолон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2018 доир шуд.

Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки дар семоҳаи аввали соли равон нақшаи воридоти андоз ба буҷети давлатии шаҳр (бе назардошти андози иҷтимоӣ) 103,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 15 млн. 657,6  ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки аз нақша 505,7 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2846,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 102,7 фоиз иҷро гардида, 12 млн. 862,3 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ оварда шуд ва ин рақам аз нақша 346,1 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1425,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Новобаста аз он, ки нақшаи воридоти андозҳо ба буҷет сари вақт таъмин шуд, иҷрои нақшаи 3 намуди андоз таъмин нашуда, дар натиҷа ба буҷет 606,6 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр ба маблағи 28,6 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 млн сомонӣ зиёд буда, афзоиш 108,1 фоизро ташкил медиҳад. Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноат Раиси вилоят таъкид кард, ки новобста аз афзоиши ҳаҷми истеҳсол саноатчиёни шаҳри Конибодом моҳи марти соли ҷориро ба ақибмонӣ ҷамъбаст кардаанд. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз фаъолият накардани корхонаҳои хусусишуда изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар шаҳр аз 44 корхона 27 корхона фаъолият набурда, 6 корхона ба ақибмонӣ роҳ додааст. Вобаста ба ин, ба роҳбарияти шаҳр дастур дода шуд, ки ҷиҳати ба кор андохтани корхонаҳои бозистода тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки иқтисодиёти кишвар маҳсуб ёфта, рушди он дар маҷмўъ ба таҳким ва пешрафти соҳаҳои мухталиф мусоидат менамояд. Дар давраи ҳисоботӣ сокинони шаҳр ҷиҳати таъмини рушди устувори соҳаи мазкур муташаккилона кор карда, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 34 млн. 697 ҳазор сомонӣ расонданд. Дар ин давра суръати афзоиш нисбати порсола ба 101,4 фоиз баробар аст. Дар соҳаи растанипарварӣ суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти умумии соҳа 121,6 фоиз ва чорводорӣ 101,3 фоизро ташкил дод.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастовардҳои кишоварзон зикр намуд, ки дар шаҳри Конибодом ба рушди парандапарварӣ эътибори ҷиддӣ дода намешавад. Дар корхонаву хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр саршумори парранда нисбати ҳамин давраи соли гузашта қариб 11640 сар кам гардида, дар натиҷа, 211 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки талаботи рӯзафзуни сокинонро қонеъ гардонида наметавонад. Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти номунтазами гармхонаҳо, иҷро нагардидани нақшаи кишти барвақтии картошка ва кашолёбии кишти пахта изҳори нигаронӣ намуда, ҷиҳати иҷрои нақшаҳои пешбинишуда супоришҳои қатъӣ дод.

Бояд қайд намуд, ки  дар шаҳри Конибодом «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Конибодом барои солҳои 2016-2020» мавриди татбиқ қарор дорад, ки дар асоси он алҳол дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр 127 лоиҳа бо маблағи 759,2 миллион сомонӣ роҳандозӣ шуда истодааст. Танҳо давоми солҳои 2016-2017 ва семоҳаи аввали соли равон 48 лоиҳа ба маблағи умумии 220,2 млн сомонӣ, ба нақша гирифта, то ин давра иҷрои он 81,5 млн сомонӣ таъмин гардидааст.

Раиси вилоят дар поёни ҷаласа масъулинро ҷиҳати бунёди гармхонаҳои замонавӣ, боғҳои интенсивӣ, пардохти саривақтии маблағи оби полезӣ ва барқи истифодашуда,  беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, иҷрои нақшаи кишти пахтаву сабзавот, таъмири муассисаҳои таълимӣ ва бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин намудани онҳо вазифадор намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh