Натиҷабардорӣ аз фаъолият

Рушди иқтисодиёти вилоят, тағйирёбии сатҳи нархҳои бозори дохилӣ ва таварруми истеъмолӣ, пурра мавриди андозбандӣ қарор додани даромадҳо аз ҳисоби воридот ва содироти молҳо ба даст омада, барои боз ҳам зиёд ҷамъоварӣ намудани андоз ба буҷети давлатӣ дар давоми семоҳаи аввали соли 2018 шароит ва имконияти мусоид фароҳам овардааст-таъкид гардид дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти мақомоти андози вилоят дар семоҳаи якуми соли равон, ки ҳафтаи гузашта баргузор гардид. Дар ҷаласа кормандони мақомоти андози вилояти Суғд иштирок доштанд.

Дар семоҳаи аввали соли 2018 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ аз мақомоти андози вилоят 107фоиз таъмин карда шуда, ба буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 588,8 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки аз нақша 42,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Қобили зикр аст, ки маблағҳои ҷамъоваригардидаи андоз назар ба ҳамин давраи соли 2017-ум 93,1 миллион сомонӣ бештар аст.

Яке аз масъалаҳои ҳалталаби мақомоти андози ҷумҳурӣ ин мавҷудияти бақияи зиёди қарзи андоз мебошад. Дар ин самт роҳбарияти мақомоти андози вилоят тибқи нишондоду талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои Кумитаи андоз пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад. Ин буд, ки дар семоҳаи авали соли ҷорӣ маблағи бақияи қарзи андоз дар вилоят ба андозаи 2,5 миллион сомонӣ кам карда шуд. Инчунин, ба маблағи 12,4 миллион сомонӣ ҳолатҳои кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ҳангоми гузаронидани санҷишҳои маҷмӯӣ дар фаъолияти наздик 500 нафар соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ошкор шудааст.

Тибқи маълумоти дастрасшуда ба санаи 1 апрели соли ҷорӣ дар вилоят 8 ҳазору 410 шахсони ҳуқуқӣ ва 20 ҳазору 534 нафар соҳибкорони инфиродӣ ба системаи пешниҳоди электронии ҳисоботҳо пайваст шудаанд.

Ҳамин тариқ, дар ҷаласа ҳама паҳлӯҳои фаъолияти мақомоти андози вилоят мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Масъулини соҳа, пеш аз ҳама, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва барзиёду босифат таъмин намудани нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2018 муваззаф гардиданд.

Тоҳирҷон Искандарзода

Add comment


Security code
Refresh