Раҷаббой Аҳмадзода: Андоз рукни муҳими иҷтимоиёт ва давлатдорист!

4 майи соли 2018 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят чорабинии мутантан бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

 - Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ таъсисёбӣ ва ташаккули низоми муосири андози ҷумҳурӣ бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯзҳо таҳти роҳнамоиашон ин соҳа рушд ва фаъолияташро самаранок амалӣ карда истодааст, пайванди ногусастанӣ дорад, - зикр дошт Раиси вилоят дар суханронии хеш.

Боиси зикр аст, ки дар ибтидо низоми миллӣ ва тозабунёди мақомоти андози ҷумҳурӣ ба заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва нерӯи кории собиқ Раёсати даромадҳои давлатӣ ва андозҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон такя мекард ва соли 1990 вобаста ба ташаккулу рушди соҳибкории хусусӣ ва инкишофи асосҳои иқтисоди бозаргонӣ таъсис ёфта, кор мекард. Баъдан дар заминаи он соли 1992 сохтори Сарраёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ёфт.

Қадамҳои дигар, ки дар раванди ташаккули мақомоти андоз ҳамчун мақоми соҳибихтиёр дониста мешаванд, ин қабули Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти давлатии андоз» (соли 1992) ва «Дар бораи асосҳои мақомоти андоз» (соли 1994) буда, дар ин раванд фаъолияти мақомоти андоз тадриҷан такмил ёфта, ба талаби замон ҷавобгӯ ва ба низоми нисбатан мукаммал мубаддал шуд.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба такмили қонунгузории ҷумҳурӣ солҳои 1997-1998 корҳои зиёд баҳри ба низом даровардани маъмурикунонии андозҳо ва андозбандии фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ анҷом ёфта, нахустин Кодекси андоз чун санади меъёрию ҳуқуқӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва аз 1 январи соли 1999 мавриди амал қарор гирифт.

Дар аввалин Кодекси андоз тамоми муқаррароти маъмурии дахлдори ҳамаи шаклҳои андоз, намуди мушаххаси андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки дар ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ мегарданд, гирд оварда, ба андозсупорандагон додани рақами мушаххаси андозсупоранда пешбинӣ гардид, шумораи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ кам карда шуд.

Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни тағйирот дар сохтори давлатӣ соли 2007-ум таҷдид гардида, сохтори мақомоти андоз боз мустақилан ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд, ки то имрӯз фаъолияти босамар дорад.

Бояд гуфт, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор гирифт, раванди маъмурикунонии андозҳоро шаффофтар сохт ва ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ, муносибати андозиро дар ҷамъият беҳтару хубтар ба танзим даровард.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар ба кормандони мақомоти андоз вазифаҳои мушаххас гузошта, таъкид карданд, ки сари вақт пардохт кардани андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, ба ин васила, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети давлатиро таъмин намоянд, - қайд кард Раҷаббой Аҳмадзода.

Бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2018 – “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Дар ин замина, бо мақсади рушду нумӯи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 100 намуди ҳунарҳо, ки мардум дар манзилашон машғул мешаванд, аз ҳамаи намудҳои андоз озод карда шудааст.

Зиёдшавии ҳаҷми воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ сарчашмаи асосии пешравии соҳаҳои хоҷагӣ, баланд гардидани сатҳи зиндагонӣ ва некӯаҳволии мардуми вилоят аст. Дар ин раванд, агар ба таъмини иҷрои нақша ва ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ назар афканем, соли 1995-ум воридоти андозҳо дар вилояти Суғд дар маҷмӯъ 1,2 миллион сомонӣ бошад, он дар соли 2017-ум ба 2 миллиарду 290,7 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамон давр 1908 маротиба зиёд мебошад.

Раиси вилоят бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки имрӯз бо сарбаландӣ гуфтан мумкин аст, ки кормандони мақомоти андози вилоят ҳар сол нақшаи қисми даромади буҷетро пурраву барзиёд иҷро карда истодаанд.

Бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 мавриди истифода қарор гирифтани бинои замонавии Маркази таълимии Раёсати андоз шаҳодати ғамхории доимӣ, таваҷҷуҳи пайваста ва боварии комили Пешвои миллат ба кормандони мақомоти андоз мебошад, ки мунтазам савияи дониши худро баланд бардошта, дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ беш аз пеш саҳмгузоранд ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишварро аз ҳама боло медонанд.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки бо андешидани тадбирҳои судманд алҳол шумораи андозсупорандагони фаъолу пешрав афзуда, то ба имрӯз зиёда аз 29 ҳазор андозсупорандагони вилоят пурра ба шакли электронии пешниҳоди ҳисоботи андоз гузаронида шудаанд.

Фаъолияти пурсамари мақомоти андози вилоят имконият дод, ки дар 3 моҳи соли 2018 иҷрои нақшаи андоз 107,8 фоиз ва андози иҷтимоӣ 101,4 фоиз таъмин гардад.

- Боиси қайд аст, ки баробари пешравиҳо дар самти ҷамъоварии андозҳо як қатор камбудиҳо низ ҷой доранд. Аз ҷумла, таҳлили воридоти намуди андозҳо ба буҷети давлатӣ собит месозанд, ки ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят манбаю захираҳои ба андозбандӣ ҷалбнашуда зиёд мебошад. Аз сабаби босифат иҷро нашудани нақшаи намуди андозҳо дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ба буҷети давлатӣ дар ин давр дар маҷмӯъ 29,3 млн. сомонӣ андозҳо ворид карда нашуд, -зикр дошт Раиси вилоят.

Баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Гулистон - 4 намуд, Деваштич, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент - 3 намудӣ, Айнӣ, Ашт, Зафаробод, Исфара, Мастчоҳ, Хуҷанд, Шаҳристон - 2 намудӣ, Бобоҷон Ғафуров, Истиқлол, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Спитамен 1 намуди нақшаи андозро таъмин накардаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода вазъи соҳаро таҳлил намуда, таъкид дошт, ки дар шаҳру ноҳияҳо захираҳои истифоданашуда, аз ҷумла, бақияи қарзи андоз хеле зиёд аст.

- Масъулинро зарур аст, ки баҳри ободиву шукуфонии давлати соҳибихтиёри азизамон боз ҳам самараноктар фаъолият намуда, дар марҳалаҳои минбаъда барои таъмини пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, кам кардани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз, дарёфти сарчашмаҳои иловагии андозбандӣ, вусъат додани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани муносибат ва баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ саъю кӯшиш намоянд.

Дар чорабинӣ, ҳамзамон муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Исмоилзода ва собқадори соҳа Валаматшех Маҳмудов сухан ронда, кормандони мақомоти андози вилоятро бо иди касбӣ табрик намуданд.

Дар фарҷом Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба кормандони беҳтарини соҳа Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои молиявӣ тақдим дошт.

Барномаи рангину пурмуҳтавои фарҳангӣ ба чорабинӣ файзу таровати хоса бахшид.

Хабарнигори
“Ҳақиқати Суғд”

 
 
 
 
 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh