Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чанде қабл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сафари корӣ ба вилоят ташриф овардаанд, мулоқот намуд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳамкориҳои самараноки вилояти Суғд ва Бонки умумиҷаҳонӣ мубодилаи афкор намуданд. Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз сатҳи ҳамкориҳо бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ қаноатманд буда, барои густариши ҳамкориҳо ҳамаҷиҳата омода мебошад.

Қайд карда шуд, ки бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ дар вилояти Суғд лоиҳаҳои гуногун татбиқ гардида истодааст, ки барои беҳтаршавии вазъи иқтисодии вилоят таъсири мусбии худро мерасонад. Яке аз чунин лоиҳаҳои бузург, ки бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ гашта истодааст, ин таҷдиди роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодом – Исфара мебошад. Бобоҷон Ятимов, сармутахассис оид ба хоҷагии қишлоқи Бонки умумиҷаҳонӣ аз пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо тавассути Бонки умумиҷаҳонӣ лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтар намудани захираи об дар минтақаи Зарафшон” татбиқ хоҳад шуд. Барои амалишавии лоиҳаи мазкур харҷи 20 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи амалишавии лоиҳа таҷдиду навсозии пойгоҳҳои обкашӣ, инфрасохтори обрасонӣ ва дастгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ба нақша гирифта шудааст ва бо анҷоми корҳо сатҳи обрасонӣ беҳтар гардида, заминҳои бекорхобида азхуд карда хоҳад шуд.

Раиси вилоят аз амалишавии лоиҳа истиқбол намуда, таъкид кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ҳамасола маблағҳои заруриро ҷудо менамояд ва амалишавии лоиҳаи мазкур барои беҳтар шудани вазъи обрасонӣ ва азхудкунии заминҳои бекорхобида кӯмаки хубе хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh