Раҷаббой Аҳмадзода: Масъулияту ташаббускорӣ мебояд, на фориғболӣ!...

5 майи соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони шаҳр баргузор гардид, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони як қатор сохторҳо ва ташкилоту идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд.

Раиси вилоят баргузор шудани мулоқотро бобати амалӣ намудани нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳое, ки ҳангоми сафари корӣ дар вилояти Суғд дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ изҳор дошта буданд, бамавриду судманд арзёбӣ намуда, вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар семоҳаи аввали соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

- Дастовардҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр баёнгари рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр мебошанд, - зикр дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Мавриди зикр аст, ки дар семоҳаи якуми соли равон нақшаи воридоти андоз ба буҷети давлатии шаҳр 104,4 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 28 миллиону 408 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки аз нақша 1201,7 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6430,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 106,4 фоиз иҷро гардида, 22 миллиону 946,6 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ карда шуд, ки аз нақша 1375,2 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4003,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Новобаста аз он, ки нақшаи воридоти андозҳо ба буҷет саривақт таъмин гардидааст, иҷрои сифатноки он пурра амалӣ нашуд. Аз ҷумла, нақшаи 3 намуди андоз иҷро нашуда, дар натиҷа ба буҷет 1368,1 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид. Андози даромад аз шахсони воқеӣ ба маблағи 659,1 ҳазор сомонӣ, андоз аз арзиши иловашуда 177,3 ҳазор сомонӣ ва андози аксизӣ 531,7 ҳазор аз нақша кам ҷамъоварӣ гардиданд.

Қарзи андоз ба санаи 1-уми апрели соли 2018 нисбат ба 1-уми январи соли 2018 630,7 ҳазор сомонӣ кам шуда, ҳамагӣ 10 млн. 979,7 ҳазор сомониро ташкил намудааст.

Раиси вилоят аз ҷараёни татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Истаравшан барои солҳои 2016-2020” сухан ронда, зикр дошт, ки баҳри амалӣ шудани он давоми солҳои 2016 - 2017 ва семоҳаи аввали соли 2018 мувофиқи маълумотҳо татбиқи 81 лоиҳа ба маблағи умумии 159,4 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то ин давра иҷрои он 89,0 миллион сомониро ташкил додааст, ки 55,8 фоизи лоиҳаҳои амалишудаистода ва 20,2 фоизи маблағи умумии барномаро ташкил медиҳад.

Дар мулоқот зикр гардид, ки давоми семоҳаи якуми соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Истаравшан ба маблағи 88,8 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,4 миллион сомонӣ зиёд буда, 111 фоизро ташкил медиҳад.

- Дар баробари ин, дар соҳаи саноати шаҳр як қатор мушкилот ҷой дорад. Чунончӣ, дар ин давра 17 корхонаи саноатии шаҳр фаъолият накарда, корхонаи “Баракат” ба оқибмонӣ роҳ додааст, - таъкид дошт Раиси вилоят.

Дар ин муддат дар шаҳр ҳамагӣ таъсиси 2 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 55 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки бо назардошти захираву имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла қобилияти соҳибкории мардуми шаҳр хеле ночиз аст.

Омилҳои зикргардида сабаб гардидаанд, ки саҳми шаҳр дар ҳаҷми маҳсулоти саноати вилоят нисбат ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфта, ҳамагӣ ба 3,7 фоиз баробар шудааст.

Раиси вилоят вазъи соҳаи кишоварзиро низ таҳлили амиқ намуда, зикр дошт, ки бояд кишоварзон кишти баҳориро вусъат бахшанд. Зеро дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр қафомонии кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ ҷой дошта, то санаи 25 апрели соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар майдони 329 гектар кишт кам гузаронида шудааст.

Хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр соли равон бояд дар майдони зиёда аз 2500 гектар кишти картошкаро ба роҳ монанд, вале то ба санаи 25 апрели соли 2018 дар майдони 1535 гектар кишт гузаронида шудааст, ки ин нишондод 61,4 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки бахшида соли равон бахшида ба Иди Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Истаравшан якчанд иншооти муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Барқарорсозии «Қалъаи Муқтеппа» бо маҷмааи меъморӣ аз ин қабил иншоот мебошад ва алҳол корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеи таърихӣ босуръат идома дорад.

Раиси вилоят дар мулоқот бо фаъолони шаҳр вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустиро низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, бобати таъмини сифатноки Барномаҳои давлатӣ, беҳтар намудани шароити таҳсил ва хизматрасонии тиббӣ изҳори андеша намуд.

Аз ҷумла, корбарӣ дар самти ҳозиршавии мутахассисони ҷавон дар соли таҳсили 2017-2018, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ қаноатбахш арзёбӣ гардид. Баробари ин таъкид шуд, ки дар соҳаи маорифи шаҳр камбудиҳо низ ҷой доранд. Чунончӣ, якчанд муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва мактаб - интернат дар ҳолати қисман садамавӣ қарор доранд. Аз 73 муассисаҳои таълимии шаҳр танҳо дар 16 тои онҳо маҳфили сӯзанидӯзӣ ташкил карда шудаасту халос.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон, дар мулоқот таъкид дошт, ки солимии ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, бобати таъмини шароити хуби хизматрасонии тиббӣ имкониятҳои бештар муҳайё мегарданд.

Боиси нигаронист, ки дар шаҳр вазъи тайёр кардани мутахассисони тибби оилавӣ ба талабот ҷавобгуй набуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла зардпарвин, ҳодисаи газидани саг зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Хатти обу коррез, системаи ягонаи гармидиҳии шӯъбаҳои таваллудхона, амрози занона ва шӯъбаҳои бачагона, шӯъбаи ҷарроҳии калонсолон, Маркази бемориҳои пӯсту зӯҳравӣ таъмирталаб буда, сохтори госпиталии шаҳр ба таҷҳизоти тиббӣ эҳтиёҷ дорад.

Раиси вилоят вазъи дигар соҳаҳоро низ таҳлил намуда, ба масъулин бобати иҷрои саривақтии камбудиву норасоиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, таъкид дошт, ки бояд масъулин бобати иҷрои дастури Пешвои миллат бобати таъсиси коргоҳи коркарди шир, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи истеҳсоли маҳсулоти консервагӣ, машрубот ва дигар молҳои содиротӣ, пардохти саривақтии маблағи барқ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз гардиш берунмонда ва азхудкунии заминҳои бекорхобида, таъмини дурнамои истеҳсоли пилла, пардохти саривақтии ҳаққи хизмати обрасонӣ аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзӣ ва Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби полезӣ тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар фарҷоми мулоқот таъкид намуд, ки

соли равон ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Истаравшан баргузор мегардад ва истиқболи сазовори ин ҷашни бузург аз ҳар сокини шаҳр масъулияту ташаббускорӣ дар ҷодаи вусъати корҳои ободониву созандагӣ металабад.

Мухтори Абдулло,
“Ҳақиқати Суғд

Add comment


Security code
Refresh