Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти гуногун дар Истаравшан

Рӯзи 5 майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти гуногун шинос шуд.

Раиси вилоят сараввал бо рафти корҳои навсозӣ дар Қалъаи таърихии Муғ ва сохтмони Амфитеатр ошно гардида, аз ҷараёни сусти корҳои сохтмонӣ изҳори нигаронӣ кард ва ба роҳбарияти шаҳр ҷиҳати вусъати корҳо супоришҳои мушаххас дод.

Қалъаи Муғ дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навсозӣ гардида, дар ҳудуди он бунёди Амфитеатр бо 6000 ҷойи нишаст идома дорад. Фармоишгари иншоот шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва лоиҳакаш ҶДММ “Аноҳито” буда, корҳои пудратӣ аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии ҶДММ “Созанда”, МПМК “Уротеппа”, ҶДММ “Камарбанд”, ҶДММ “Ободкор-2014”, ҶДММ “Асл” ба анҷом расонида мешавад.

Сипас, Раиси вилоят бо рафти корҳои сохтмонии меҳмонхонаи наву замонавӣ, ки дар хиёбони Истиқлолияти шаҳри Истаравшан идома дорад, шинос гардид. Меҳмонхонаи нав аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, бо маблағгузории соҳибкор Бурҳон Эргашев бунёд гардида истодааст. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби КВД “Меъмор” омода гардида, корҳои сохтмониро бинокорони МПМК “Уротеппа” ба анҷом мерасонанд. Раиси вилоят иқдоми соҳибкорро дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” саривақтӣ арзёбӣ карда, илова намуд, ки фаъолияти меҳмонхонаи замонавӣ барои истироҳату фароғати сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат хоҳад кард. Тибқи лоиҳа меҳмонхона дорои 40 ҳуҷраи барҳаво буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 30 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Дар идомаи боздид роҳбари вилоят сохтмони Маҷмааҳои Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардида, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ободу сарсабз намудани атрофи иншооти бунёдшаванда тавсияҳои муфид дод. Маҷмааи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ ва Маҷмааи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи ба номи А. Юнусови шаҳр ҷойгир буда, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ аз ҷониби шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маблағҳои зарурӣ ҷудо гардидааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз мавзеи бунёди маҷмааи соҳибкории “Роҳи Абрешим” дидан кард. Иншооти мазкур бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёд мешавад ва комплекси хизматрасонии замонавӣ аз 16 ошёна иборат мебошад. Тибқи иттилои масъулин комплекси мазкур дорои истгоҳи нақлиёт, меҳмонхона, мағозаҳои тиҷоратӣ,  дӯконҳо барои фурӯши маҳсулоти гуногун, толорҳои варзишӣ, қаҳвахона ва ғайраҳо хоҳад буд. Раиси вилоят пас аз боздид аз мавзеи сохтмон ҷиҳати оғози корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh