Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарварӣ

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи моҳипарварӣ аз чанд хоҷагии моҳипарварӣ, ки дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият доранд, боздид намуд.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои “Моҳии тоҷик”, “Моҳипарвари Гулистон” ва “Ҳақ” аз коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар вилоят изҳори нигаронӣ намуда, барои рушди соҳа ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар чор моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 200,2 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 53,1 фоиз иҷро шудааст. Инчунин, дар ин давра дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят сайди моҳӣ 9,3 тоннаро ташкил намуда, дар ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ намудҳои моҳии пешонағафси сафед – 6,4 фоиз, зағорамоҳӣ – 10,5, амури сафед – 2,7, сӯфмоҳӣ – 31,8 ва дигар намуди моҳиҳо – 48,6 фоизро ташкил намудааст. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта аз ҷониби моҳипарварон 17,5 тонна моҳӣ истеҳсол шуда буд.

Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт, инчунин Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва сохторҳои қудратӣ дастур дод, ки сайди моҳӣ ва парваришу нигоҳдории он ба низом дароварда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh